Зодагони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербурги Русия ба гумони омодагӣ ба содир кардани амалҳои террористӣ дар қаламрави ин кишвар боздошт шуданд, мутааасибони мазҳабӣ набуда, ба сафҳои ташкилоти дар Русия фаъолияташ манъшудаи «Давлати исломӣ» танҳо ба хотири озод шудан аз ҷавобгарӣ дар парвандаҳои ҷиноии дар ватанашон бозшуда пайвастанӣ будаанд.

Бино ба маълумоти «Коммерсант», ҳамаи 10 нафар боздоштшудагон аллакай ба омодагирӣ ба содир кардани амали террористӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург иқрор шуда, ҳарчанд дар шаҳрҳои гуногуни Русия кору иқомат кунанд ҳам, тариқи интернет бо ҳам мукотиба дошта, ҳамаи онҳоро гурез аз ватаншон барои озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноӣ муттаҳид кардааст.

Гуфта мешавад, танҳо се тан аз онҳо барои робита доштан бо исломгароёни тундгаро ва боқимонда ба гумони даст доштан дар содир кардани ҷиноятҳои маъмулӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор доштаанд.

Ахиран ҳамаи аъзои гурӯҳ таҳти таъсири як мутаассиби тоҷик қарор гирифта, ӯ ҳамеша дӯстони худро мутақоид месохтааст, ки «аз пӯсидан дар зиндонҳои ватан, ҳалок шудан дар ҷиҳоди Сурия беҳтар аст».

Зикр мегардад, ки танҳо роҳбари гурӯҳ бо пешвоёни Давлати исломӣ алоқа дошта, ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта ҷиҳати ба Сурия сафарбар кардани одамони худ бо онҳо гуфтушунид доштааст, лекин шояд онҳо аввал ба ӯ тавсия додаанд, ки нахуст барои нишон додани садоқати худ ба «Давлати исломӣ» дар қаламрави Русия амалҳои террористиро роҳандозӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 ноябр Хадамоти федералии амнияти Русия навори видеоиеро мунташир намуд, ки дар он шаҳрванди Тоҷикистон эътироф мекунад, ки дар шаҳри Маскав амали террористӣ содир карданӣ буд.