Ҳайатҳои низомии Покистону Чин рӯзҳои наздик бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф меоранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, рӯзи 26 август ташрифи ҳайати низомии Покистон ба Душанбе таҳти сарварии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусалалхи ин кишвар генерал Роҳил Шариф дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқоти ҳайатҳои низомии Покистон бо мақомоти раҳбарии Тоҷикистон ба масъалаи таъмини амният дар минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва ҳамкории ҷонибҳо дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Санаи 27 август сафари ҳайати Артиши мардумии озодихоҳи Чин ба Душанбе бо роҳбарии Фан Фэнхуй, сардори Ситоди кулли ин артиш пешбинӣ шуда, зимни гуфтушунидҳо баррасии масоили марбут ба рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни кишварҳо ва омодасозии афсарон барои артиши Тоҷикистон дар мактабҳои олии низомии Чин ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар назар аст, ки ҳайатҳои низомии Покистону Чинро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.