Дар доираи амалиёт ситодҳои фаврӣ ва гурӯҳҳои корӣ нисбати муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ташкилкунандагони он, пурзӯр намудани назорат нисбати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд санҷишҳо мегузаронанд.

Тавре сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, рӯзи 25 сентябр фармоиши якҷояи ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои гузаронидани амалиёти муштараки «Нелегал-2017» ба имзо расида, амалиёт бо қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои мазкур гузаронида мешавад. Амалиёт аз 25-уми сентябр оғоз гардида, то 6-уми октябри соли равон идома меёбад.

Гуфта мешавад, барои самарабахш гузаронидани чорабиниҳо, назорати саривақтӣ ва идораи қувваю воситаҳои дар чорабинӣ ҷалбкардашуда, аз ҳисоби мақомотҳои мазкур дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва воҳидҳои поёнии он ситодҳои оперативӣ таъсис дода шудааст.

Зимнан ёдрас мешавад, ки мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) ҳар сол дар ду марҳила, моҳҳои май-июн ва сентябр-октябр чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, таҳти унвони шартии «Нелегал» гузаронида мешавад.