Чин ба Тоҷикистон дар таҳкими посбонии марзи давлатӣ бо Афғонистон кумак мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, дар доираи баргузории 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол дар шаҳри Пекин вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо вазири бехатарии ҷамъиятии Чин Го Шенкун дидору гуфтушунид кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду вазоратро дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба махсусан мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои трансмиллӣ, ҳамчунин масъалаҳои дастгир намудани ҷинояткорони дар кофтуковбударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо вазъияти сиёсӣ ва криминогении Афғонистон, пешгирии амалҳои ҷинояткорона дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосирро муҳокима намуданд.

Вазири бехатарии ҷамъиятии Чин Го ҷиҳати кӯмак дар тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои фаромиллӣ ибрози омодагӣ намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки дар пурзӯр намудани сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон Чин кӯмаки амалии худро мерасонад.