Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) 8 майи 2019 оғоз гардид. Дар қасри Ҳофбурги шаҳри Вена ҷаласаи нахустини умумии FSC таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба кори он Муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Зоҳир Саидзода оғоз бахшид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар суханронии худ Муовини вазир барномаи раёсати Тоҷикистонро ба кишварҳои узви САҲА муаррифӣ намуд, ки он дар баробари мавзӯъҳои маъмулии FSC – мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон (SALW) ва силоҳи муқаррарӣ (SCA), мусоидат ба раванди татбиқи муқаррароти қатъномаҳои 1540 ва 1325-и Шӯрои амнияти СММ, инчунин, масъалаҳои авлавиятноки ҷанбаҳои низомӣ-сиёсии амнияти минтақавии Осиёи Марказиро фаро гирифтааст.
Таъкид гардид, ки тайи ин давра таваҷҷуҳи вежа ба масъалаи зарурати таҳкими ҳамкорӣ миёни САҲА ва созмонҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, аз қабили СҲШ, СААД ва МҲТБО, инчунин Иттиҳоди Аврупо равона хоҳад шуд.
З.Саидзода азми кишварро ҷиҳати коргирӣ аз равиши мутавозин ва риояи усули баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми мутақобил таъйид кард. Тазаккур дода шуд, ки ҳадафи асосии раёсати Тоҷикистон идомаи фаъолияти ҷории Форум роҷеъ ба такмили низоми таъмини назорат дар соҳаи низомӣ мебошад.
Кишварҳои ширкаткунандаи САҲА Барномаи раёсати Тоҷикистон дар Форумро мусбат арзёбӣ карданд. Намояндагиҳои доимии Арманистон, Беларус, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Канада, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Русия, Словакия, Туркия, Ӯзбекистон, Чехия ва Швейтсария дар назди САҲА бо ҷонибдорӣ аз раёсати Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Пас аз анҷоми ҷаласаи умумӣ мулоқоти З.Саидзода бо Дабири кулли САҲА Томас Гремингер баргузор гардид. Дабири кулли САҲА ҳайати Тоҷикистонро бо оғози раёсати кишвар дар FSC табрик намуда, омодагии Котиботи Созмонро ҷиҳати мусоидат тайи ин давра изҳор кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста