Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар маросими тантанавӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон таҷҳизоти назорати ҳуҷҷатҳо дар сарҳад ва санамӯҳрҳо тақдим намуд.
Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар ин маросим фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳузур дошт.
Гуфта мешавад, таҷҳизоти тақдимгардида 100 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ шуда, қисме аз лоиҳаи арзишаш 500 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад, ки баҳри тақвият додани ҳамкориҳои минтақавӣ байни мақомоти сарҳадии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон равона карда шудааст.
“Илова бар дастгирии техникӣ, ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳбуди инфрасохтор ва ташаккули иқтидори Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошад”, - омадааст дар варақаи матбуоии сафорати ИМА.
Қайд мешавад, ки моҳи ҷорӣ Сафорати Амрико 300 ҳазор доллари ИМА-ро барои бо таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва нақлиётӣ таъмин намудани қушунҳои сарҳадӣ, ки дар назорати сарҳад ба онҳо кӯмак мерасонад, ҷудо менамояд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳукумати ИМА Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро бо 25-умин солгарди фаъолияташон, ки моҳи ҷорӣ ҷашн гирифта хоҳад шуд, табрик менамояд. ИМАо тавассути ҳамкории мудавом бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар шарикони амниятӣ дастгирии Тоҷикистонро дар пойдории истиқлолият ва амнияти давлатии ин кишвар давом хоҳад дод.
Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1.8 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста