Қирғизистон ният дорад, ки дар роҳи баромад аз деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон постгоҳи назоратӣ созад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сухангӯйи шаҳрдории Исфара Иқбол Илёсзода хабар дод.
“Тибқи маълумоти мавҷуда, барои бунёди постгоҳ Қирғизистон вагон, техника ва масолеҳи сохтмон овардааст. Онҳо аллакай барои оғози сохтмон ҷой омода кардаанд”, - хабар дод Илёсзода.
Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди аз ҷониби Тоҷикистон исрор шудани қатъи корҳои сохтмон, Қирғизистон ба бунёди постгоҳ дар қаламраве, ки ҳоло хатти сарҳад аломатгузорӣ нашудааст, идома медиҳад.
Мувофиқи созишнома ва санадҳои байниҳукуматӣ, онҳо ба корҳои сохтмон дар ҳудуди номуайян ҳуқуқ надоранд. Тибқи санад (протокол)-и соли 2014 онҳо бояд дар роҳи гузар аз баромади Хоҷаи Аъло то Ворух қитъаи роҳ созанд. Роҳи гузар бояд аз ҷойе оғоз шавад, ки Қирғизистон дар он постгоҳ сохтанист”, - гуфт Илёсзода.
Тибқи созишномаи соли 2014, байни Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури деҳаи Оқ-Сойи Қирғизистон бояд роҳи мошингарди асфалтпӯш сохта шавад. Тоҷикистон қитъаи роҳи худро сохтааст, аммо ҷониби Қирғизистон бо риоя накардани қарордод, қитъаи худро намесозад.
Қирғизистон долон намедиҳад?
Ба иттилои як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара, 14-уми сентябр ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти роҳбарии вазирони нақлиёти ҳар ду кишвар оид ба масъалаи сохтмон дар сарҳад мувофиқи санадҳои қаблан баимзорасида гуфтушунид карданд. Шоми 15-уми сентябр низ вохӯрии раисони вилоятҳои наздимарзӣ баргузор шуд. Аз натиҷаҳои вохӯриҳо алҳол маълумот дастрас нест.
Як манбаи огаҳ дар дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, дар ҳамон қаламраве, ки Қирғизистон постгоҳи назоратӣ месозад, инчунин бунёди иншооти таъиноташ номаълум оғоз шудааст.
“Агар то имрӯз Қирғизистон дар сохтмону муноқиша ё бастани роҳҳо сокинони мавзеъҳои наздисарҳадиро гунаҳкор мекард, акнун постгоҳро хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя сохта истодааст, ҳарчанд дар навбати аввал, маҳз ҳамин хадамот бояд ҳамаи бандҳои созишномаи байниҳукуматиро риоя кунад”, - таъкид дошт манбаъ.
Зимнан гуфта шуд, ки бо сохтмони постгоҳи назоратӣ Қирғизистон даромаду баромадро ба ҷамоати Ворух зери назорат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири Қирғизистон оид ба масоили амният Жениш Раззоқов рӯзи 15-уми сентябр ба Радиои Азаттык аз ҷамоати Ворух ба унвони ҷазирақаламраве дар ҳудуди вилояти Бодканд ном бурдааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Ворух ҳеч гоҳ анклав набуд.
Раззоқов гуфтааст, Тоҷикистон талош дорад, аз Исфара ба Ворух долон ё роҳраве бисозад, ки ба қавли ӯ , “имконнопазир аст”. “Мо ба сохтмони долон иҷоза дода наметавонем, барои он ки дар он ҷо деҳаи Оқсойи мо ҳаст», - афзудааст ӯ.
Сухангӯйи шаҳрдории Исфара: Тоҷикистон постгоҳ насохтааст
Дар навбати худ ВАО-и Қирғизистон дар бораи нияти Тоҷикистон оид ба сохтмони постгоҳи назоратӣ дар роҳи Ош-Исфана, ки тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад, хабар медиҳанд.
“Дар шабака навори видеое пайдо шуд, ки гӯё дар овули Ақ-Татири ноҳияи Ботканди ҳамсарҳад бо деҳаи Хоҷаи Аъло сабт шудааст. Дар он дида мешавад, ки дар наздикии роҳи Ош - Исфана, дар қитъаи Жака-Оруқ (Торт-Кочо), ки ба қисмати баҳсӣ ё номуайяни сарҳад дохил аст, сохтмони постгоҳи назоратӣ оғоз шудааст”, - иттилоъ медиҳад Радиои «Азаттык».
Сухангӯйи шаҳрдории Исфара Иқбол Илёсзода дар мавриди ин масъала изҳор дошт, ки “сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло дар ин қитъаи роҳи қаламрави худ сангрезаву шағал рехта, ВАО-и Қирғизистон аз ин кор ҳангома сохтаанд”.
“Қирғизистон барномаи махсуси пешниҳоди маълумоти бардурӯғро роҳандозӣ ва Тоҷикистонро айбдор карда, пинҳонӣ тарҳҳои худро амали месозад”, - гуфт Тешаев.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мондааст. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳо миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста