300 нафар мусофироне, ки аз Чин ба Тоҷикистон омаданд, дар карантин ба муҳлати 14 рӯз ҷойгир карда шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар онҳо аломатҳои сирояти коронавирус ошкор нашуда, ба хотири пешгирии паҳншавии беморӣ онҳо 14 рӯзро, ки маҳз ҳамин давра муҳлати инкубатсионии вирус давом мекунад, дар карантин мегузаронанд.

Ба иттилои манбаъ, аз шумори омадагон беш аз 220 нафар дар беморхонаи сироятии пойтахт бистарӣ шудаанд.

“Айни замон беморхонаи сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшон барои қабули дигар беморон баста аст. Он ҷо беш аз 220 кас бистариянд. Боз 80 нафар дар минтақаҳои карантинии дигар вилоят ва ноҳияҳои кишвар қарор доранд. Беморони худи дармонгоҳро дар беморхонаи сироятии клиникии кӯдаконаи шаҳри Душанбе ҷойгир карданд”, - хабар дод манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, миёни касоне, ки дар карантин мебошанд, асосан донишҷӯёну тоҷирон ва ҳамчунин шаҳрвандони Чин, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, ҳузур доранд.

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ҳамаи шахсони аз Чин омадаро санҷида, ба беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон фиристоданд. Зикр гардид, ки онҳо аз Чин тариқи хатсайри Алмаато-Душанбе омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ, дар робита ба қатъи парвозҳо донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сафар ба хонаҳояшон аз Чин дучори мушкилот шудаанд. Дар Facebook рӯзи якшанбе навори видео нашр шуд, ки дар он эътирози донишҷӯён аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фурудгоҳи шаҳри Сиани Чин мушоҳида мешавад. Онҳо лавҳаҳо бо навиштаҷоти англисии “Мо хона рафтан мехоҳем!”-ро дар даст доранд.

Гап сари он аст, ки ширкати ҳавопаймоии русиягии «Уральские авиалинии» донишҷӯёни хориҷиро ба дохили ҳавопаймо роҳ надод, ҳарчанд онҳо ба ҳамин хатсайр чипта доштанд. Ба гуфтаи донишҷӯёни тоҷик, ба дохили ҳавопаймо танҳо шаҳрвандони Русия роҳ дода шуданд. Ба дархости “Азия-Плюс” дар бораи сабаби чунин амал аз хадамоти матбуоти «Уральские авиалинии» то ҳол посух нарасидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.