Кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон аз ду амали террористӣ, ки террористон аввали сол онҳоро нисбат ба кормандони милитсия дар ноҳияҳои Рашт ва Шаҳринав тарҳрезӣ карда буданд, пешгирӣ намуданд. Дар ин бора имрӯз ба журналистон сардори Раёсат Шодӣ Ҳафиззода хабар дод.
“Ҳар ду амали террористиро ҷонибдорони созмони террористтии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати исломӣ” содир карданӣ буданд”, - гуфт сардори Раёсат вале аз ифшои ҷузъиёти онҳо худдорӣ варзид.
Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели омодагӣ ба амали террористӣ чанд нафар аъзои “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Тибқи маълумоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, давоми шаш моҳи соли равон 247 нафар шаҳрвандони кишвар ба гумони узвият ё робита доштан бо созмонҳои террористӣ ва ифротгаро боздошт шудаанд.
Аз ин шумор 203 нафар аъзои созмони “Ихвон ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), 27 нафар - “Салафия” буда, миёни боздоштшудагон инчунин ҷонибдорони ҳаракати “Толибон” ва “Ал-Қоида” низ ҳузур доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста