Роҳҳои ВМКБ, ки бар асари фаромадани тарма ва сангреза баста шуда буданд, имрӯз пурра тоза карда шуданд. Мошинҳо тариқи ин роҳ равуо дошта, лекин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода худдорӣ аз сафар ба қитъаҳои дорои хатари тармафароиро тавсия медиҳад.
Ба иттилои маркази матбуоти Кумита, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва ду сангрезӣ ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа дар минтақаҳои мухталифи роҳҳои мошингарди Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Мурғоб ҳаракати мошинҳо қатъ шуд. Ин тармаву сангрезиҳо талафоти ҷониву хисорати молӣ надоштанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, ки тайи чанд шабонарӯзи ахир боридани барфу борон идома дошта, дар роҳҳо тармаву ярч фаромадааст. Бар асари хафи такроран фаромадани тармаҳо кормандони идораи марбута саривақт роҳҳоро тоза карда натавонистаанд.
Пас аз қатъи борон ҳамаи техника барои тозакунии роҳ сафарбар шуда, имрӯз автомашинаҳо дар роҳ ба Хоруғ равуо доранд, зикр мегардад дар хабар.
Ҳукумати ноҳияи Шуғнон барои дастгирӣ дар таъминот бо сӯзишворӣ ва корҳои тозакунии роҳ ба раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, инчунин хадамоти манзилию коммуналӣ ва ширкати “Помир Энержи” изҳори миннатдорӣ кардааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки аз рафтан ба минтақаҳои тармахезу хатарноки кӯҳӣ, ғунучини ҳезум, шикор, чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо ва ё моҳидорӣ лаби соҳилҳое, ки эҳтимоли баланд шудани сатҳи обашон зиёд аст, худдорӣ намоянд.
Ба ронандагон тавсия шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҷиддан ба қоидаҳои бехатарӣ ва ронандагӣ риоя кунанд. Бахусус боло бурдани суръати ҳаракат дар ағбаҳо ва риоя накардани фосилаи байни мошинҳо хатари зиёд дорад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз ва пагоҳ, 1 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест..
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста