Ду ҷамоати наздимарзии Исфара Ворух ва Чоркуҳи дар нахустин рӯзи мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон нақшаи даъватро иҷро кардаанд. Имрӯз 1-уми апрел дар Тоҷикистон мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар Артиши миллӣ оғоз шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ин ду ҷамоат нақшаи пешбинишударо барзиёд иҷро кардааст.
Ҷамоати Ворухи Исфара, ки бар далели баҳсҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар сари забонҳост, яке аз нахустинҳо шуда нақшаи даъватро иҷро кардааст.
“Ин бори аввал нест, ки ҷавонони ватандӯсти деҳоти Ворух ва Чоркуҳ дар нахустин рӯзи даъват муждаи зафар мерасонанд. Онҳо дарк намудаанд, ки Ворух ва Чоркуҳ дар хати марз қарор дорад ва ҳимояи марзу бум аз ҷавонони шуҷоъ ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб мекунад”-хабар додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба навиштаи манбаъ даъватшавандагонро бо баргузории ҳамоиши тантанавӣ, ки дар маркази шаҳри Исфара бо шукуҳи хоса доир гардидааст, ба хидмати ҳарбӣ гусел кардаанд.
Ҷамоати Ворухи Исфара яке аз нукоти муҳими мавридди баҳс дар дар баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон аст. Ахиран раиси КДАМ Қирғизистон ҷузъиёти музокироти ҳайатҳои ҳукуматии ҳар дукишварро, ки пеш аз Наврӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шуда буд, расонаӣ кард. Ба гуфтаи Қамчибек Тошиев барои Ворух Қирғизистон ду вариант ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст: яке дубора чен кардани ҳудуд ва мази Воруху аз ҳудуди ин кишвар роҳ боз кардан барои рафту омада ба ин ҷамоат ва дигаре додани Воруху бар ивази он гирифтани 12 ҳазор гектар замин аз мавзеъҳои дигар вилояти Бодканд.
Тоҷикистон то кунун ба таври расмӣ назарашро дар ин маврид нагуфтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста