Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода зимни нишасти матбуотии рӯзи 28 июл аз оғози сохтмони урдугоҳ (лагер) барои паноҳандагон аз Афғонистон хабар дод.
“Барои бунёди урдугоҳ дар ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун 2,24 гектар замин ҷудо шуда, ба ихтиёри ВКД ҶТ дода шуд ва аз ҳисоби буҷети вилоят сохтмони панҷараи гирду атрофи он оғоз гардид. Сохтмони худи урдугоҳ, ба эҳтимоли зиёд, аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ва манбаъҳои дигар сурат мегирад. Ба ин масъала Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ машғул аст”, - гуфт Одиназода.
Раиси ноҳияи Ҷайҳун инчунин илова намуд, ки имрӯз вазъият дар сарҳад амну осоишта аст.
«Ҳар он чизе, ки дар он тарафи дарёи Панҷ рух медиҳад, кори дохилии ҳамсоягони мост. Дар минтақаи наздимарзии мовазъият орому осоишта буда, ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад ва мардум ба корҳои рӯзмарраи худ машғуланд», - изҳор дошт ӯ.
Раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён низ дар бораи вазъияти амну ором дар марз ва мавҷуд набудани мушкилот дар он ҷо изҳори назар кард.
“Ноҳияи Панҷ бо Афғонистон 56 км марз дорад. Дар моҳҳои охир вазъ дар кишвари ҳамсоя бадтар шуда, он ҷо задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷараён доранд. Аммо то ҳол партоби ягон тиру гулӯла аз силоҳи оташфишон, инчунин гузаштани шаҳрвандони Афғонистон ба қаламрави мо ба мушоҳида нарасидаст”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Шоҳиён изҳор дошт, ки ҳайати шахсии захираҳои сафарбарии ҳарбӣ дар минтақа омодаанд.
“Мо 1000 сарбоз ва афсарони захираҳои эҳтиётиро сабти ном кардем. Онҳо омода буда, дар ҳолати зарурӣ барои дифоъ аз марзҳои давлатии мо сафарбар мешаванд”, - афзуд Зарифҳӯҷа Шоҳиён.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста