Кордори сафорати ИМА Ҷон Гинкел ва муовини Фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон полковник Саодатзода Раҷаб дар маросими супоридани постгоҳи марзӣ барои нерӯҳои марзбонии назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат варзиданд.
Ин постгоҳи марзӣ, ки бо маблағи 570 ҳазор доллар таъмиру бозсозӣ шудааст, барои нерӯҳои марзбонӣ имконоти иловагӣ барои назорат ва посбонии марз бо Афғонистонро дар минтақаи Шаҳритуси вилояти Хатлон фароҳам меорад.
Иншооти мазкур иқтидори нерӯҳои сарҳадиро барои пайгирӣ ва пешгирии убури марзҳо (тақрибан 15-20 километр) ва муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, қочоқ ва ифротгароии зӯроварӣ, ба таври назаррас баланд мебардорад.
Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ҷонибдори шарикӣ бо Тоҷикистон, барои дастгирии соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар ҳифзи сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон, мебошад.
Аз соли 2007 инҷониб Барномаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Дафтари Ҳамкориҳои Ҳарбӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 155 миллион доллар кумак расонидааст, аз ҷумла барои таҷдид ё сохтмони якчанд посгоҳҳои марзӣ.
Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, тавассути барномаҳое, ки бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар кумак кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста