Ҳаракати “Толибон” ба минтақаҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 ҳазор сарбози муҷаҳҳаз бо силоҳ ва техникаи муосирро сафарбар мекунад, изҳор доштааст рӯзи душанбе сардори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи толибон Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, хабар медиҳад “Интерфакс”.
“Артиши 10-ҳазор нафараи муҷаҳҳаз бо муосиртарин техникаи низоми НАТО ва ИМА, ки дар минтақаҳои шимол ва шимолу шарқи кишвар мустақар аст, алайҳи ҳама гуна амалиёти ҳарбӣ муқовимат кардаву тадбир меандешад", - гуфтааст Фитрат дар Твиттер.
“Дар фурсати наздиктарин ҳавопаймоҳо омода шуда, ин неруи пурқувватро дастгирӣ хоҳанд кард”, - илова намудааст намояндаи “Толибон”.
Вилояти Балхи шимоли Афғонистон бо Ӯзбекистон ва вилоятҳои Кундузу Тахор ва Бадахшони шимолу шарқи ин кишвар - бо Тоҷикистон ҳаммарзанд.
Қаблан дабири кулли СПАД Станислав Зас изҳор дошта буд, ки дар қаламрави давлатҳои ҳамсоя ягон хатари ошкори густариши низомии Толибон аз Афғонистон вуҷуд надорад.
“Аз ҷумла дар Тоҷикистон, аммо дар баробари ин, таҳдидҳои дигар аз ин қаламравҳо, аз қабили терроризм ва қочоқи маводи мухаддир рӯзмарра боқӣ мемонад”, - зикр кардааст вай дар конфронси маҳфили муколамавии “Валдай”.
Зас изҳор намудааст, ки дар шароити буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ ва фалокати башардӯстона дар Афғонистон, рӯзмарра будани ин таҳдидҳо меафзояд, зеро дар он ҷо фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятпеша, ташкилотҳои террористӣ ва савдои маводи нашъаовар ҳамчун яке аз манбаъҳои зинда мондани одамон тақвият меёбад.
“Албатта, мо инро дар назар дорем ва ният дорем, ки минбаъд низ ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва таъмини амнияти марзҳои ҷанубии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунем", - илова намудааст Станислав Зас.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста