Масъулони маҳаллии ҳукумати сарпарасти Толибон дар Кундуз ба расонаҳо гуфтаанд, ки марзи Шерхон Бандар миёни Афғонистону Тоҷикистон барои рафту омади молҳои тиҷоратӣ боз шудааст. Ин гузарҳои муҳими тиҷоративу тронзитӣ бар пайи як ду даргирӣ дар ҳафтаҳои гузашта дар марзи Афғонистону Тоҷикистон баста шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба боз шудани ин гузаргоҳ то кунун изҳори назар накардаанд. Ҳамчунин мақомоти марбутаи Тоҷикистон ба таври расмӣ дар мавриди баста шудани ин гузаргоҳ то имрӯз ҳам изҳори назар накарда буданд.
Хабаргузории "Бохтар" бо такя ба мақомоти Толибон дар гумруки Кундуз навиштааст, ки марзи Шерхон Бандар пас аз 15 рӯз бо ба якдигарфаҳмӣ расидани намояндагони гумрукҳои Тоҷикистону Қундуз боз шудааст.
Толибон гуфтаанд, ки аз ин пас тоҷирони тоҷикистонӣ метавонанд бо дарёфти визои Афғонистон ба ин кишвар сафар кунанд ва доду гирифти тиҷоратӣ ва тронзитӣ анҷом бидиҳанд.
Толибон дар мавриди ин ки оё тоҷирони Афғонистон ҳам метавонанд ба Тоҷикистон сафар кунанд чизе нагуфтаанд.
Мақомҳои маҳаллии ин гурӯҳ дар ҳоле аз боз шудани марзи Шерхон Бандар хабар медиҳанд, ки гузоришҳое аз даргириҳо миёни ин гурӯҳ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз нашр шуда буд. Ба навиштаи "Афғонистон интернейшнл" охирин даргирӣ миёни Толибон ва марзбонони Тоҷикистон 15-уми май сурат гирифта буд, ки 4 соат давом кардааст.
Бар пайи ин даргирӣ даҳҳо мошини борбар ва даҳҳо ронанда аз Тоҷикистон дар хоки Афғонистон банд монда буданд. Толибон ба онҳо иҷоза надода буданд, ки аз Шерхон Бандари Афғонистон тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён вориди Тоҷикистон шаванд.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста