Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари “Ҳизби исломии Афғонистон” ва аз чеҳраҳои ихтилофбарагези ин кишвар дар хутбаи намози ҷумъа, рӯзи 9-уми декабр гуфтааст, ки нафароне, ки ба ҷони ӯ сӯйиқасд карданд, тоҷикистонӣ будаанд. Аммо дар ин замина, ӯ ҳеҷ далеле манзур накардааст. Дар ин бора телеграмканали Тулӯънюз хабар медиҳад.
Дар навори кӯтоҳе, ки ин телеграмканал нашр кардааст, Гулбиддин Ҳикматёр мегӯяд:
“Таҳқиқоти ибтидоӣ нишон медиҳад, ки ду террорист, тоҷикистониянд, афғон нестанд. Яъне гурӯҳи террористӣ натавонистааст, ки касеро аз миёни афғонҳо омода кунад, ба ин навъи амалиёт. Бояд маълум шавад, ки чаро тоҷикистониянд, чаро на афғон. Байрақи сиёҳи ДОИШ низ аз дасти ҳамкору муҳофизи террористи интиҳорӣ ба даст омад”.
Ин суханони Гулбиддин Ҳикматёр дар ҳоле гуфта мешавад, ки то ҳол мақомоти расмии гуруҳи Толибон* оид ба ин таркиш ва сабабу омилони он мавқеи расмии худро баён накардаанд. Ҳамчунин, натиҷаи ҳеҷ тадқиқоте расонаӣ нашудааст. Яъне, Ҳикматёр тоҷикистониёнро дар ин ҳамла шарик карда, аммо ҳеҷ далелеро пешниҳод накардааст.
Ин суханони Гулбиддин Ҳикматёр дар шарҳи ҳамлаи мусаллаҳонае гуфта шудааст, ки 2-юми декабр, дар масҷиди “Ҳизби исломии Афғонистон”, воқеъ дар дафтари марказии ин ҳизб дар Доруламон, дар ҳавзаи шашуми амниятии шаҳри Кобул, рух дод.
Тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон бар асари ин ҳамла, як тан кушта ва ду тани дигар захм бардоштанд. Ҳамчунин, худи нафарони ҳамлавар низ кушта шуданд.
Он замон “Ҳизби исломии Афғонистон” бо интишори баёнияе гуфта буд, ки дар ин ҳамла ба Ҳикматёр ва дигар раҳбарони ҳизб осебе нарасидааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва аз чеҳраҳои ҷанҷолии ин кишвар, ҳоло имомхатиби яке аз масҷидҳои Кобул аст. Ӯ, ки пас аз чандин соли фирор аз Афғонистон, дар пайи як созиш бо ҳукумати Ашраф Ғанӣ, президенти фирории ин кишвар, ба Кобул омадаву зиндагӣ ихтиёр кардааст, пас аз ба қудрат расидани Толибон аз аксари иқдомоти онҳо ба ҳар навъе ҷонибдорӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, ба афрод ва кишварҳое, ки бо ин гурӯҳи террористӣ мухолиф ҳастанд, пайваста вориди ҷангҳои лафзӣ мешавад.
Аз ҷумла, ӯ ба давлати Тоҷикистон, ки ғасби қудрат дар Афғонистонро эътироф накардаву ҳамеша ба ташкили ҳукумати ҳамашумул таъкид менамояд, ихтилофи назар дорад ва пайваста ҳамлаҳои лафзӣ менамояд.
Мақомоти Тоҷикистон суханони Ҳикматёрро ҳамеша сарфи назар карда, посухи расмӣ надодааст. Ягона нафаре, ки то ин дам ба даъвоҳои беасоси Ҳикматёр посух гуфтааст, Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони Тоҷикистон аст.
Ӯ зимни як баромади худ дар барномаи “Дидгоҳ”-и телевизиони “Афғонистон интернешнал” гуфта буд, ки “Ҳикматёр барои Тоҷикистон сирф, яъне ҳеҷ кас аст”.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста