Ҳафтаи гузашта оид ба таъсиси воҳиди низомии (баталйон) тоҷикӣ барои иштирок дар ҷанги Русияву Украина гуфтугӯҳо оғоз гардид. Дар ҳоле, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ширкати тоҷикон (агар дорои душаҳрвандӣ ҳам бошад) дар низоъи кишварҳои дигар ҷиноят ҳисобида мешавад.

Даъвати таъсиси воҳиди низомӣ бори аввал аз забони вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев аз фраксияи Ҳизби коммунист садо дод. Ӯ бо нидои “Баталйонҳои тоҷикон куҷоянд?” суол гузошт, ки “Чаро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар доираи сафарбарии ҷузъӣ ба минтақаи амалиёти махсус даъват намешаванд?”

Вакили парлумони Русия гуфт, сабаби асосии дар ҳошия мондани зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷанг мақоми душаҳрвандии онҳо аст ва “мо бояд зуд ин қонунро дигар кунем…”.

Баъди ин, чанде аз вакилони Думаи давлатӣ ба ислоҳи қонунгузорӣ иқдом карданд, то душаҳрвандиро манъ ё онро ислоҳ кунанд.

Михаил Матвеев
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

“Лаббайк” ба даъват?

Баъди изҳороти вакили рус, Маҳдӣ Собир, яке аз собиқ низомии тоҷик, ки ҳоло дар Русия кору зиндагӣ дорад, навишт, “рӯзҳои охир... нафарони зиёде (Тоҷиконе, ки душаҳрвандӣ доранд. -муаллиф), ки шаҳрвандии Русия доранд, аз ман дархост кардаанд, коре карда, як баталйони тоҷикӣ таъсис дода, дар ин  рӯзҳои душвор дар паҳлӯи бародарони рус қарор гирем”.

Ӯ дар идома хабарҳо дар бораи ҷалби иҷбории онҳое, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро доранд, рад карда, илова намуд, ки “соли гузашта (Соли 2022 дар назар аст. -муаллиф) 3 ҳазор ҷавонписар  рӯйхат тартиб  дода, ба дасти ман доданд. Ман бо раиси тоҷикон Файзулло Аминов ба комиссариати ҳарбии шаҳри Сургут муроҷиат кардем. Дар комиссариати ҳарбӣ ба мо миннатдорӣ баён карда, гуфтанд, ки синну соли сарбоз  аз 35 боло набошад ва бояд шаҳрванди Русия бошад”.

Маҳдӣ Собир
Акс аз саҳифаи фейсбук

Пешниҳоди вакили Русия барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳарфи наве нест, чун қаблан низ мақомоти ин кишвар бо ҳар роҳе тоҷиконро барои пайвастан ба сафи артиш ва иштирок дар ҷанги Украина ташвиқ мекарданд. Аз ҷумла, дар Маркази бисёрсоҳавии “Сахарова” ба муҳоҷироне, ки барои дастрас кардани иҷозаи фаъолият мерафтанд, пешниҳоди пайвастан ба сафи артиши Русия ироа мегардид. Ё дар ҷойҳои серодам эълонҳои тарғиботии пайвасташвӣ ба артиши Русия бо забони тоҷикӣ насб карда шуд. Аммо ин бори аввал аст, ки як мақоми расмии Русия оид ба зарурати ташкили дастаи махсуси низомӣ аз ҳисоби зодагони ОМ, махсусан тоҷикон, изҳори назар мекунад.

Пайомади даъвати вакил ва хатари он

Коршиносон бовар надоранд, ки чунин баталйон таъсис меёбад, аммо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бо ҳар роҳи дигар, мақомоти Русия зодагони минтақаи ОМ-ро барои иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона ҷалб мекунанд ва ё маҷбур месозанд, аз ҷумла бо истифода аз шаҳрвандии пешниҳодшуда.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки “ба эҳтимоли зиёд, то тирамоҳи соли ҷорӣ баталйони алоҳида созмон намеёбад, аммо теъдоди тоҷикон дар сафи артиши Русия ҳатман зиёд хоҳад шуд, ба вижа аз ҳисоби шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд ва мақоми душаҳрвандӣ доранд”.

“Хоҳишмандони гирифтани шаҳрвандии Русия ҳисоби сокинони ОМ меафзояд ва комиссариатҳои ҳарбии Русия чунин манбаи бузурги сафарбарӣ, махсусан дар шароити рӯзафзуни ниёз ба қувваи зиндаро наметавонанд нодида гиранд”, - зикр мекунад Парвиз Муллоҷонов.

Ӯ аз он нигаронӣ дорад, ки баъди қонунӣ кардани ирсоли даъватномаи электронӣ барои адои хидмат дар сафи артиш, сокинони ОМ, ки мақоми душаҳрвандӣ доранд, наметавонанд аз хидмат саркашӣ кунанд. Қаблан онҳо метавонистанд бо “қайди манзили ғайривоқеӣуст” ба хидмат ҳозир нашаванд.

“Акнун, бо ҷорӣ шудани даъватномаи электронӣ, ҳамаи ин омилҳо нақши худро аз даст медиҳанд ва саркашӣ аз даъват ва сафарбаркунӣ амалан ғайриимкон мегардад”, - ҳушдор додааст Парвиз Муллоҷонов.

Парвиз Муллоҷонов
Акс аз pamirdaily.com

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи рус, ки берун аз Русия қарор дорад, ба ин бовар аст, ки кушиши таъсиси баталйони тоҷикӣ хоҳад буд, аммо он натиҷа нахоҳад дод.

“Ин як мавҷи навбатии муҳоҷирбадбинӣ аст, то таваҷҷӯҳи мардумро аз мушкилоти воқеъии дохили Русия дур созанд. Мехоҳанд тасаввуротеро эҷод кунанд, ки на онҳо ва на фарзандонашон, балки тоҷикон ҷанг хоҳанд кард. Мехоҳанд ба роҳбарони давлатҳои ИДМ паём диҳанд, ки агар дар арсаи байналмилалӣ аз Русия ҳимоят накунанд, шаҳрвандонашонро дастаҷамъона ба майдони набард мефиристанд”, - мегӯяд Чупик.

Ба андешаи ин ҳомии ҳуқуқ, сафарбарӣ бештар хатар дорад, чун он метавонад нафарони бидуни ҳимояи ҷиддӣ – нафарони бо чеҳраи ғайрисловяниро фаро гирад.

Пешниҳоди таъсиси воҳиди низомии тоҷикон барои ширкат дар ҷанги Русия ва Украина дар ҳолест, ки қаблан дар бораи марги чанд тоҷике, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, хабарҳо расида буд. То ин лаҳза, марги тақрибан бист тоҷики зиндонӣ дар Русия дар ҷанги Украина ҳам таъйид шудааст. Вале омори дақиқе нест, ки чӣ қадар аз тоҷикони табааи Русия ба ҷанг дар Украина бурда шуданд

Валентина Чупик
Акс аз саҳифаи фейсбук

Моддаи 401-и Кодекси ҷиноятӣ чӣ мегӯяд?

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон (ва аксари кишварҳои Осиё Марказӣ. -муаллиф) ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ҷиноят аст ва мақомоти Тоҷикистон ҳам чандин маротиба аз шаҳрвандони худ, махсусан муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд, талаб карданд, ки дар ҷанги Русия ва Украина ширкат накунанд, чунки тибқи қонунгузории Тоҷикистон (Моддаи 401. Зархаридӣ) он ҷиноят ҳисобида шуда, барои он аз 12 то 20 соли зиндон пешбинӣ гардидааст.

Ин ягона иқдоми ҳукумат ҷиҳати пешгирии ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон дар низоъ миёни Русия ва Украина мебошад. Ба ҷуз аз ин, ҳеҷ иқдоми ҷиддитар, мисли даъват аз мақомоти Русия, ки тоҷиконро ба ҷанг алайҳи Украина истифода накунанд, сурат нагирифт.

Ҳамин тавр, ба даъвати ахири вакили рус ҳам ҳам ҳеҷ мақоми расмии давлатҳои ОМ та таври расмӣ ё ғайрирасмӣ посух наддодаанд ва мавқеашонро баён накардаанд.

Ҳама барои идомаи ҷанг?

Бояд зикр намуд, ки Русия аллакай заминаи заруриро барои ҷалби сокинони дорои мақоми душаҳрвандии ОМ фароҳам овардааст. Аз ҷумла бо қабули қонунҳо ва ворид кардан тағйирот ба онҳо.

Масалан, тибқи тағйироте, ки чанде пеш ба қонунгузории Русия ворид гардид, нафарони дорои душаҳрвандӣ ҳам мисли шаҳрвандони Русия ба сафарбаркунии ҷузъӣ ҷалб мешаванд ва онҳо ҳуқуқи ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбиро надоранд.

Ҳамчунин, минбаъд даъватномаҳо барои хидмати ҳарбӣ дар Русия аз ҷумла тариқи электронӣ фиристода мешаванд ва саркашӣ аз он ҳам барои шаҳрвандони Русия ва ҳам душаҳрвандиҳо ҷавобгариро пешбинӣ кардааст. Онҳое, ки шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд, барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ё аз сафарбаркунии ҷузъӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.