Иддаои Толибон* дар бораи мубориза бо маводи мухаддир боварнокарданӣ аст, зеро баъди ба сари қудрат омадани ин гурӯҳ дар Афғонистон кишт, истифода ва муомилоти маводи мухаддир зиёд шудааст.
Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 2-юми август, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, даъвоҳое, ки Толибон дар мавриди манъи кишт ва истифодаи маводи мухаддир доранд, боварнокарданист. Воҳидзода барои собит кардани гуфтаҳои хеш, омори мусодираи маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ироа намуд.
Тибқи он, шурӯъ аз соли 2020 то кунун, мусодираи маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистон Афғонистон бамаротиб зиёд шудааст:
Соли 2020 - 2 тоннаю 425 кг;
Соли 2021 - 4 тоннаю 83 кг;
Соли 2022 - 4 тоннаю 991 кг маводи мухаддир мусодира гардидааст.
Бояд гуфт, ки Толибон баъди ба сари қудрат омадан дар Афғонистон мубориза бо кишту муомилаи маводи мухаддирро яке аз ҳадафҳои аслии худ муаррифӣ карда буданд. Бо гузашти ду сол аз ғасби қудрат, чунин менамояд, ки Толибон натавонистанд ба ин ваъдаи худ вафо кунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Фолбиниву ҷодугарӣ акнун ҷиноят аст. Ҷазо барои ин амалҳо пурзӯр шуд
Обуҳавошиносон: Имрӯз Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста