Дар Тоҷикистон маъракаи иммунизатсия (эмкунӣ)-и иловагии кӯдакон гузаронида мешавад, ки зиёда аз 2 млн нафар кӯдаконро фаро мегирад.

Аз 21 то 31 август кӯдакони синни аз 6 моҳа то 6-сола ва рӯзҳои 1-16 сентябр - кӯдакон ва наврасони аз 7 то 15-сола эм карда мешаванд.

Бо назардошти он ки бархе аз волидон ба ваксинаҳо эътимод надоранд ва намехоҳанд, ки фарзандонашон аз онҳо эм гиранд, тасмим гирифтем, ки чӣ гуна хатарҳо доштани рад кардани эмкуниро хотиррасон намоем.

Ваксинагузаронӣ дар доираи маъракаи имммунизатсия баргузор мешавад. Дар 59 ноҳияи кишвар зиёда аз 2 млн нафар кӯдакон эм мегиранд. Пеш аз ин аввали моҳи июли соли равон UNICEF бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ 2,2 млн воя (доза)-и ваксина бар зидди бемориҳои гулафшон ва сурхчаро ба Тоҷикистон овард.

Ин миқдор воя қисмате аз дастгири ҳукумати Тоҷикитсон бо мақсади мустаҳкам кардани иммунитети кӯдакон бар зидди бемориҳои гулафшон ва сурхча мебошад.

Сурат: unicef.org

Марҳилаи навбатии Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои гулафшон ва сурхча танҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Рашт ва Нуробод гузаронида намешавад. Маъраки эмкунӣ дар ин ҷойҳо нимаи аввали ҳамин сол баргузор шуд.

Тибқи арзёбии UNICEF, ба ҳисоби миёна ҳар сол дар саросари ҷаҳон бо ин ё он сабаб ҳудуди 21 млн нафар кӯдакон бар зидди бемориҳои гулафшон ва сурхча эм намегиранд.

Дар давоми 3 соли охир сабаби сар задани бемории гулафшон дар аксари кишварҳои ҷаҳон пандемияи COVID-19 буд, ки аҳолӣ аз тарси сирояти коронавирус ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат накарданд ва аз эмгузаронии муқаррарӣ нагузаштанд.

Бо ҳамин сабаб тайи 12 моҳи ахир вазъи назорати бемории гулафшон дар Тоҷикистон низ тағйир ёфтааст, яъне дар бархе аз шаҳру навоҳии кишвар мавридҳои густурдаи бемории гулафшон ба қайд гирифта шудааст.

Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки ваксиназанӣ бар зидди бемории гулафшон дар Тоҷикистон ба Тақвими миллии иммунизатсия дохил мешавад.

“Мувофиқи ин тақвим, кӯдакон дар синни аз 12-моҳа то 6-сола бар зидди бемории гулафшон эм карда мешаванд. Бо вуҷуди ин, бархе аз волидайн бо кадом сабабе кӯдаконро эм намекунанд ва эҳтимоли хуруҷи гулафшон боқӣ мемонад, зеро маҳз ваксиназанӣ паҳншавии ин бемориро пешгирӣ мекунад”, - иброз дошт ӯ.

Бемории гулафшон чӣ хатарҳо дорад?

Ин бемории хеле хатарноки вирусӣ мебошад. Он хеле вазнин гузашта, дар сурати дуруст табобат накардан, метавонад ба маъюбӣ оварда расонад.

 Аз рӯи аломатҳо гулафшон ба шамолзанӣ (простуда) хеле монанд аст. Дар одами бемор ҳарорати бадани то 40 дараҷа, сулфаи хушки сахт, дарди гулӯ, обравӣ аз бинӣ, беҳолии умумӣ, дард дар тамоми бадан ва дарди сар мушоҳида мешавад. Пардаҳои луобии чашм низ варам карда, варами умумӣ (конъюнктивит) пайдо мешавад.

Сурат: klinikaexpert.ru

Аломати хоси бемории гулафшон доғҳои сурхи дурахшон дар тамоми бадан аст, ки тақрибан як ҳафта боқӣ мемонад.

Хавфи беморӣ маҳз дар мушкилоти баъди он аст. Ба онҳо илтиҳоби шуш (пневмония), менингит ё энтсефалит дохил мешаванд. Онҳое, ки бемор шудаанд, метавонанд дар тӯли тамоми умри худ аз склероз ё дигар бемориҳои ба он монанд азоб кашанд. Илтиҳоб ё варами умумӣ, ки бар асари гуалафшон пайдо шудааст, метавонад ба пурра аз даст додани шунавоӣ ё биниш оварда расонад.

Илова бар ин, вирус ба системаи масуният (иммунитет) зарар мерасонад, ки боиси норасоии масунияти дуюмдараҷа мегардад. Дар ин ҳолат, бештар аз ҳама узвҳои нафаскашӣ осеб мебинанд.

Азбаски сурхча тавассути қатраҳои ҳавоӣ мегузарад, ба сирояти кӯдаконе, ки ваксина нагирифтаанд, кофист, ки бо беморон дар муддати начандон зиёд дар як ҳуҷра бошанд

Сурхча чӣ?

Бемории сурхча шадиди сироятӣ буда, ба он ҳарорати баланди шадид, илтиҳоби роҳҳои нафас, сулфа, сурхшавӣ ва ашкрезӣ аз чашмон ва пайдоиши доначаҳои сурх  хос аст.  Пайдоиши доначаҳои сурх  хосияти  пай дар пайӣ дорад. 

Сурат: gemotest.ru

Дар рӯзи якум  ин доначаҳо дар паси гӯшҳо, рӯй ва  гардан пайдо мешаванд, рӯзи дуюм ин доначаҳо дар қисми болои  қафаси сина ва  дастҳо мебароянд,  рӯзҳои  сеюм  пайдошавии доначаҳо ба  қисми поёнии бадан, яъне пойҳо мегузарад.

Барангезандаи  бемории сурхча  вирус мебошад, ки ба воситаи  ҳаво аз шахси бемор ба шахсони осебпазир мегузарад. Ба шахсоне, ки дар вақташ мувофиқи тақвими миллӣ бар зидди ин беморӣ иммунизатсия нашудаанд,.

Давраи хатарнок ва сирояткунии атрофиён - ин 4 рӯз пеш аз баромадани доначаҳои сурх ва 4 рӯз баъд аз баромадани доначаҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин давра сари вақт беморро бояд аз дигарон ҷудо  намоянд ва барои бемор  шароити муносиб муҳайё кунанд. Давраи ниҳоии бемории сурхча аз 7 то 18 рӯзро дар бар мегирад.

“Ба овозаҳои дурӯғ дар бораи хатарнок будани ваксина гирифтан бовар накунед”

Дар робита ба маъракаи эмкунии иловагӣ бар зидди бемориҳои гулафшон ва сурхча, директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Саидзода Файзалӣ Барот аз аҳолии Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба эмкунии кӯдакон дер накарда, бар зидди бемориҳои гулафшон ва сурхча эм гиранд.

“Аз духтури маҳаллии худ бипурсед, ки мувофиқи ҷадвали миллии эмгузаронӣ вобаста ба синну сол, вазъи саломатӣ ва таърихи эмкунӣ фарзанди шумо бояд кадом ваксинаҳоро гирад.

Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ваксинзании фарзандонатонро ба таъхир нагузошта, ба маълумоти бардурӯғи хатарнок будан ё фоида надоштани он бовар накунед. Эмкунӣ як қарори масъулиятнокест, ки шумо натанҳо барои фарзанди худ, балки барои тамоми ҷомеа қабул мекунед”, - изҳор мекунад ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.