Дирӯз, 13-уми сентябр, дар шаҳри Исфара мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардидааст, ки дар он ҳайатҳои ду ҷониб иштирок карда, ба рӯҳи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ дуо хондаанд.

Дар мулоқот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва дигар шахсони масъул иштирок кардаанд.

Ба иттилои хабаргузории “Кабар”-и Қирғизистон, дар оғози вохӯрӣ ҳозирин ба хотири қурбониёни даргириҳои марзӣ дуо хонда, барои сулҳу субот дар сарҳад фотиҳа дода, ба мардуми ду кишвар саодатмандӣ таманно намуданд.

Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд менависад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо аз кори гуруҳи кории муштарак ва сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ карданд.

Акс аз хабаргузории "Кабар"

“Таъкид гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти назарраси масъулони вилоятҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду тараф амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таъмин буда, ҷонибҳо бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ барои таъмини субот фаъолият мекунанд”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Зимни мулоқот таъкид гардидааст, ки тарафҳо минбаъд низ тамоми масъалаҳои мавҷударо бо роҳи дипломатӣ ҳал намуда, ба ин васила ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои ҳаммарз замина мегузоранд.

"Ҷонибҳо ҳамчунин омодагии худро барои идомаи иҷрои қарорҳои аз ҷониби муовини раиси Девони Вазирон – сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Камчибек Ташиев ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов имзошуда, изҳор намуданд", - хабар медиҳад хабаргузории “Кабар”.

Бояд зикр кард, ки мулоқоти мазкур як сол баъд аз оғози муноқишаҳои мусаллаҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Расо як сол пеш, 14-уми сентябр дар марзи ду кишвар муноқиша оғоз шуд, ки он то 17-уми сентябр идома карда, садҳо қурбонӣ ва захмӣ дар пай гузошт.

Сабаби оғози аксари муноқишаҳо номуайянии марз миёни ду кишвар аст. Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда - зиёда аз 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.