Пажӯҳишгоҳи равобити ҷаҳонии Швейтсария ё Swiss Institute for Global Affairs (SIGA) хабар медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони Толибон* дар бораи гурӯҳи “Ансоруллоҳ”* мулоқотҳои махфӣ доир кардаанд.

Ба гуфтаи ин пажӯҳишгоҳ, мулоқоти аввал дар авоили моҳи ноябри соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он ҳайати Толибон таҳти раҳбарии Раҳматулло Наҷиб, муовини дуввуми пулиси махфии ин гурӯҳ вориди Тоҷикистон шуда, дар макони номаълум суҳбат карданд.

Гуфта мешавад, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон пас аз кушта шудани се узви гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дар ВМКБ, рӯзи 5 сентябри соли 2023, бо Толибон тамос гирифтаанд.

“Дар ҷаласаи моҳи ноябри соли 2023 мақомоти Тоҷикистон нахуст аз Толибон дархост карданд, ки аъзои “Ансоруллоҳ”, ки амалан ҳама шаҳрвандони он кишваранд (Тоҷикистон дар назар аст- идора), ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Дар як вақт ҳукумати Тоҷикистон ҳатто ба Толибон рӯйхати аъзои ин гурӯҳ ва макони дақиқи онҳоро дар Афғонистон пешниҳод карда буд”, - навиштааст SIGA.

Яъне эҳтимолан, ҳукумати Тоҷикистон бо ин роҳ мехост ин гурӯҳро пароканда кунад ва барҳам диҳад.

Ин пажӯҳишгоҳ бо такя ба манобеи худаш хабар медиҳад, ки дархости истирдоди аъзоёни “Ансоруллоҳ” аз ҷониби Толибон ҳамчун кори ғайриқобили иҷро рад шудааст. Толибон пешниҳод карданд, ки дар “музокироти сулҳ” миёни ҳукумати Тоҷикистон ва гурӯҳи “Ансоруллоҳ” миёнаравӣ кунанд.

Гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шуда, дар Афғонистон фаъолият мекунад ва асосан аз шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аст. Ин гурӯҳро соли 2006 шаҳрванди Тоҷикистон Амриддин Табаров, фармондеҳи собиқ нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва иттиҳоди мухолифинро дар соли 1997 напазируфт ва ба Афғонистон рафт, таъсис дода буд. Тобистони соли 2015 дар расонаҳо хабар нашр шуд, ки ӯ дар Афғонистон кушта шудааст.

Муҳимоти ҷангие, ки мақомоти амнияти Тоҷикистон дар ҷараёни як амалиёти нобудсозии гуруҳи "Ансоруллоҳ" дар ВМКБ кашф ва мусодира кардаанд
Акс аз АМИТ "Ховар"

Гуфтушунид бо "Ансоруллоҳ"

Ба навиштаи Пажӯҳишгоҳи равобити ҷаҳонии Швейтсария, дар авоили моҳи декабри соли 2023 ҷониби Тоҷикистон дар посухи хаттӣ ба Толибон ризоият додааст, ки ҳайате ташкил карда, бо “Ансоруллоҳ” сари мизи музокира бишинад.

“Толибон бо аъзои “Ансоруллоҳ” ду маротиба дар дохили Афғонистон, як маротиба дар моҳи декабри соли 2023 ва як маротиба дар моҳи январи соли 2024 мулоқот карданд. Дар ин нишастҳо аъзои “Ансоруллоҳ” дар оғоз идеяи оштӣ бо ҳукумати Тоҷикистонро, ки онро душмани ашаддии кофири худ медонанд, ки бояд мағлуб шавад, қотеъона рад карданд”, - гуфта мешавад дар навиштаи пажӯҳишгоҳ.

Аммо пас аз талошҳои Толибон аъзои ин гурӯҳ гуфтанд, ки бо Тоҷикистон музокира хоҳанд кард, вале танҳо пас аз он ки ин кишвар чанд шарти пешакии онҳоро иҷро кунад.

Шартҳои "Ансоруллоҳ"

Аллакай, дар ҷаласаи дуюм аъзои гурӯҳ ба Толибон рӯйхати талабҳои худро пешниҳод карданд.

“Шартҳои онҳо эълони ҳукумати исломӣ, хуруҷи сарбозони Русия аз хоки Тоҷикистон, раҳоии аъзои зиндонии “Ансоруллоҳ” ва ташкили мадрасаҳои динӣ (мактабҳои динӣ) будааст”, - менависад SIGA бо такя ба манбаъҳои худ.

Бо ишора ба он ки чунин талабҳо ба воқеият рост намеояд, Толибон бо аъзоёни ин гурӯҳ баҳси тунд кардаанд ва дар охир “Ансоруллоҳ” розӣ шудааст, ки танҳо як шарти пешакии музокиротро талаб кунад: “Ҳамаи низомиёни Русия бояд қаламрави Тоҷикистонро тарк кунанд”.

Пажӯҳишгоҳ зикр мекунад, ки се тараф дарк мекунанд, ки иҷрои ин талаб номумкин аст, “шубҳае нест, ки ин гуна талош барои музокирот идома доранд, вале то кунун ҳеч пешравии қобили мулоҳизае ба даст наомадааст”.

Сарҳади Тоҷикистонро назорат кунед

Толибон ҳузури аъзои “Ансоруллоҳ” ва дигар ҷангҷӯёни маргталаб дар хоки Афғонистонро расман рад мекунанд. Аммо далелҳои раднопазири ҳузури аъзои “Ансоруллоҳ” дар шимоли Афғонистон вуҷуд дорад, ки Толибон низ дар нишастҳои алоҳида онро эътироф мекунанд.

Расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки “Ансоруллоҳ” бахшҳое аз марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро назорат мекунад. Аммо чанде пеш гузориш расид, ки раҳбари он Маҳдӣ Арсалон “нопадид шудааст” ва дар куҷову чӣ шароит буданаш маълум нест. Толибон ин хабарҳоро шарҳ намедиҳанд.

Рӯзномаи “8 субҳ” менависад, ки дар Афғонистон таҳти сарпарастии Толибон шумори зиёди ҷиҳодиёни минтақавӣ бо оилаҳои худ, инчунин тақрибан 300 оилаи аъзои гурӯҳҳои террористии “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ва “Ансоруллоҳ” асосан дар шимолу шарқи кишвар, махсусан дар Бадахшони Афғонистон зиндагӣ мекунанд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, манобеъи огоҳ дар шарқи Афғонистон низ таъйид мекунанд, ки ҳазорон хонаводаи ҷангҷӯёни “Таҳрики Толибони Покистон” зери ҳимояи Толибон ба сар мебаранд.

Бояд гуфт, ки ҳаракати Толибон дар Тоҷикистон бо қарори Додгоҳи олӣ аз соли 2006 ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шудааст ва кишвари мо ягона давлатест, ки бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон робитаи сиёсӣ ва дипломатӣ надорад. Ҳарчанд додугирифтҳое дар сатҳи тиҷоратӣ вуҷуд дорад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.