Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар машварати марбут ба тадбирҳо оид ба ҳамла изҳор намудааст, ки се гумонбари парвандаи амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба иштирокчиёни бевоситаи ҳамла хона ва автомашина додаанд.

“Боздоштшудагон дар омодакунии амали террористӣ кумак кардаанд: ҳамлагаронро бо манзили зист, автомашина барои ҳаракат таъмин карда, пулҳоро интиқол додаанд”, - нақл кардааст ӯ.

Шоми рӯзи 25 март Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав боз 3 гумонбари ҳамла ба “Крокус” -  Аминҷон ва Диловар Исломовҳо (ахирӣ соҳиби Renault-и сафед буд, ки террористон бо он омада ва пинҳон шуданӣ буданд), инчунин падари онҳо -  Исмоил Исломовро ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Тибқи фарзияи тафтишот, яке аз ҳабсшудагон - Шамсиддин Фаридунӣ (Фаридуни Шамсиддин) пеш аз моҳи январ Аминҷон Исломов ва то 11 март - Диловар Исломовро “ба ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ҷалб кардааст”.

Қаблан додгоҳ чор иштирокчии парванда - Шамсиддини Фаридунӣ, Маҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев ва Саидакрам Раҷабализодаро ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ фиристод. Ба гуфтаи Бастрикин, ин ҷаҳор нафар ба гуноҳи худ иқрор шудаанд. Аз рӯи парвандаи рӯзи 23 март ҳамагӣ 11 нафар боздошт шудаанд.

Дар навори бозпурсии аз ҷониби сардабири RT Маргарита Симонян нашршуда, яке аз боздоштшудагон ба воситаи тарҷумон нақл мекунад, ки 10-12 рӯз пештар дар Telegram ӯ бо шахсе бо номи Абдулло шинос шуда, ба ӯ ва Муҳаммад ном шахсе, ки бо ӯ иқомат доштааст, пешниҳод намудааст, ки мошинро аз хешовандони ӯ харанд. Вақти додани пули мошин онҳо дар шоҳроҳи Дмитрово вохӯрдаанд. Ин автомашинаро мардон мехостаанд, ки ба сифати такси истифода бурда, пул кор кунанд.

Як манбаи огоҳ аз вазъи “РИА Новости” гуфтааст, Диловар Исломов мошинро моҳи феврал фурӯхта, дар ҳамин ҳол, полиси суғуртаи ОСАГО ба он дубора ба расмият дароварда нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои соати 20:00 (вақти Маскав)-и рӯзи 22 март пеш аз консерти гурӯҳи роки “Пикник” дар толори “Крокус Сити Холл” шахсони номаълум вориди толор шуда, ба тирпаронӣ оғоз намуданд ва биноро оташ заданд. Оташ майдони ҳудуди 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, толори консертӣ пурра ба коми оташ рафт ва боми он ба пойин фурӯ рехт.

Бино ба маълумоти ахир дар ин бора, бар асари ин амали террористӣ 139 нафар ҳалок шуда, 182 кас осеб диданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.