Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав дирӯз, 1-уми апрели соли 2024, Ёқубҷон Юсуфзода, як зодаи Тоҷикистонро дар пайванд ба ҳамла ба толори “Крокус Сити Ҳолл” то 22-юми майи имсол ба ҳабс гирифт
Кумитаи тафтишотии Русия Ёқубҷон Юсуфзодаро ба он муттаҳам кард, ки чанд рӯз пеш аз ҳамла барои таъмини гумонбарон бо ҷой “тавассути корти бонкӣ ба як шарикаш пул фиристодааст”.
Муфаттишон гуфтаанд, як қисми пул “баъд аз содир шудани ҷиноят ба ҳисоби яке аз ҳамлаварон гузаронда шуд”. Тасдиқи он аз манобеи дигар имконпазир нест.
Дафтари матбуоти Додгоҳи Басманний хабар дода, ки нисбат ба Ёқубҷон Юсуфзода бар асоси банди “б”-и қисми 3-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия (амали террористӣ) айб эълон шудааст.
Мурофиа паси дарҳои баста гузашт. Назари худаш ё наздикону вакили мудофеъ ва ҷузъиёти парванда дастрас нест.
Саҳифаи “Маш” дар Телеграм нигоштааст, ки Ёқубҷон Юсуфзода ҳангоми амалиёти “Нелегал” ва тасодуфан рӯзи 26-уми март дастгир шуда, сипас робитааш бо ҳамлаварон ошкор гаштааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 140 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Дар робита ба ин ҳодиса дар умум, ба иттилои мақомоти Русия, 11 нафар боздошт шудааст. Аз ҷумла, чор нафар - Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар - Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад. Баъдтар, падару писар - Аминҷон ва Исроил Исломовҳо аз ҳукми додгоҳ шикоят карданд.
Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.
Дар бораи нафари нӯҳуми ба ҳабс гирифта Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки ӯ ҳамларо маблағгузорӣ кардааст. Аммо шахсияту табаияти ӯро ошкор накард.
Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста