Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабарҳо дар бораи боздошти шаҳрвандон дар робита ба ташкили амали террористӣ дар ҷашни Наврӯзро расман рад кард. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба изҳороти КДАМ хабар медиҳад.

“...баъзе воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақил ба таҳрифи вазъият даст зада, ҳар гуна маълумоти носанҷида ва иғвоангезро оид ба дастгир намудани шаҳрвандон дар алоқамандӣ бо кӯшиши анҷом додани амалҳои террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз паҳн месозанд”, - гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар изҳорот зикр гардидааст, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Ҳафтаи гузашта чанде аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла ОИ “Азия-Плюс” бо такя ба манобеъи худ дар ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ хабар дода буданд, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз 15 нафарро боздошт ва аз ҳамлаи террористӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Вахдат пешгирӣ кардааст.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки онҳо натавонистаанд иттилои аз манобеи худ дар ниҳодҳои қудратӣ бадастовардаашонро дар ниҳодҳои амниятӣ расман тасдиқ ё такзиб кунанд. Давоми як ҳафтаи баъди нашри ин хабар, мақомоти расмӣ ва амниятӣ дар ин бора изҳороти расмӣ надодаанд ва ё иттилоъи расонаҳоро рад накардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.