Дар робита ба амали террористии рӯзи 22 март дар “Крокус Сити Ҳолл”-и вилояти Маскав дар баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ тадбирҳои иловагии таъмини амният дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рӯйи даст гирифта шуданд.

Тоҷикистон

Дар пойтахти Тоҷикистон дар баъзе марказҳои бузурги савдо ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки пас аз амали террористӣ дар Маскав онҳо чанде аз тадбирҳои таъмини амнияти худро бозбинӣ кардаанд.

Масалан, дар "Душанбе Молл", ки дар он гипермаркети "Ашан" ҷойгир аст, қарор шудааст, ки шумораи посбонон ва камераҳои назоратӣ зиёд ва инчунин дастгоҳи ҷустуҷӯи металлӣ истифода шавад. Дар ин ҷо тақрибан 20 ва дар худи гипермаркети “Ашан” 6-7 посбону муҳофизон кор мекунанд.

Дар маркази дигари бузурги тиҷоратӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт - “Сиёма-Молл” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ин иншоот ягон чораи иловагӣ андешида намешавад, зеро сатҳи амният, ба гуфтаи онҳо, дар сатҳи зарурӣ аст.

"Азия-Плюс" ба маркази матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе муроҷиат кард, то бифаҳмад, ки дар ин ҷо чораҳои таъмини амният тақвият дода шудаанд (ё ба нақша гирифта шудаанд). Аммо дар маркази матбуоти фурудгоҳ аз шарҳи ин вазъ тавассути телефон худдорӣ карданд ва то ҳол ба дархости хаттӣ посух надодаанд.

"Азия-Плюс" бо ин масъала ба маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон низ муроҷиат карда, дар он ҷо ба мо посух доданд, ки дар пойтахт реҷаи пурзӯри тадбирҳои амниятӣ ҷорӣ нашудааст.

"Реҷаи пурзӯр дар давраи ҷашни Наврӯз (аз 21 то 24 март) ҷорӣ карда шуд. Дар ин рӯзҳо дар қитъаҳои гуногуни шаҳр постгоҳҳои хадамоти махсус амал карда, инчунин барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ реҷаи будубош дар ҷойи кор (казарма) эълон шуда буд", - шарҳ доданд дар Вазорат.

Пас аз анҷоми ҷашн, тамоми чораҳои тақвияти таъмини амният бекор шуда, вазъ ба ҳолати муқаррарӣ баргашт.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 30 март вохӯрӣ ва мулоқоти намояндагони шаҳрдорӣ ва сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода бо 400 нафар тоҷирону соҳибмулкони бозори “Фаровон” дар ноҳияи Сино баргузор шуд.

Дар мулоқот масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда, роҳнамоии сокинон дар самти пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, ҳушёр будан дар замони бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, пешгирӣ аз таассубкориву зиёдаравӣ, муборизаи дастаҷамъӣ бо зуҳуроти номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва таъмини волоияти қонун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода низ зимни суханронии худ аз ҳозирин ва фурӯшандагону соҳибкорон, ки онҳо ҳамзамон падару модар ҳастанд, тарбияи дуруст ва лозимии насли наврасро тақозо намуд.

1/2

Бо сокинони маҳаллаҳои Ҷӯйбодом, Конститутсия, Чортути Боло ва Арбобхотуни ин ноҳия низ чунин вохӯриҳо барпо карда шуданд.

Ӯзбекистон

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 29 март дастур дод, ки тадбирҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалҳои эҳтимолии террористӣ сахттар карда шаванд. Ин хабарро хадамоти матбуоти сарвари ин давлат нашр кард.

Мувофиқи хабар, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ вазифадор шуданд, ки назорати тартиботи ҷамъиятиро тақвият дода, барои пешгирии амалҳои эҳтимолии террористӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда дар ҷойҳои серодам чораҳои муассир андешанд.

Корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон
Cурат аз торнамои zamin.uz

Зикр шуд, ки айни замон таҳдид ва хатарҳои нав ба таъмини амният дар ҷомеа афзоиш меёбанд.

Мирзиёев инчунин ба таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сохторҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи таъмини амният супориш дод.

Дар Тошканд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба реҷаи пурзӯри адои хидмат дар марказҳои савдо, боғу бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаштанд.

Дар робита ба моҳи Рамазон ва таъмини амнияти шаҳрвандон, кормандони Гвардияи миллӣ ҳангоми намоз дар ҳамаи масҷидҳо ва дар ҷойҳои баргузории чорабиниҳои оммавӣ адои хидмат мекунанд.

ВКД даъват мекунад, ки ба рафтори шубҳаноки одамон диққат дода, фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.

Қазоқистон

Дар машварати фаврии Шӯрои амнияти Қазоқистон таҳти роҳбарии президент Қосим-Жомарт Токаев баъди як рӯзи ҳамла ба “Крокус Сити Холл”, нақшаи кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ в амақомоти иҷроия баррасӣ шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари ин кишвар хабар медиҳад.

Дар навбати худ вакили Маҷлис Айдос Сарим аз вазъи таъмини амният дар толорҳои консертии Қазоқистон изҳори нигаронӣ карда, даъват намуд, ки тадбирҳои назорат тақвият дода шавад.

Ӯ пешниҳод кард, ки дар сохтмони иншооти фарҳангӣ-оммавӣ ва варзишӣ назорати давлатӣ тақвият дода шуда, инчунин омӯзиши кормандон ва шарҳи дастурҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ба онҳо таъмин карда шавад.

Чунин тадбирҳо ба баланд бардоштани сатҳи таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирии чунин ҳамлаҳои террористӣ дар оянда нигаронида шудаанд.

Қирғизистон

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон соҳибмулкон ва маъмурони марказҳои савдо, маҷмааҳои фароғатӣ ва намояндагон ширкатҳои посбониву муҳофизро ба амалҳои муштарак ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват кард. Дар ин бора ВКД Қирғизистон хабар дод.

Ин масъала зимни вохӯрии муовини вазири корҳои дохилӣ Нурбек Абдиев бо намояндагони сохторҳои марбута ба миён гузошта шуда, тадбирҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва зӯроварӣ бо истифода аз силоҳ дар ҷойҳои истироҳати оммавӣ баррасӣ шуданд.

Нурбек Абдиев
Сурат аз mvd.gov.kg

Дар вохӯрӣ муҳим будани муқовимати пурсамар ба фаъолияти террористӣ таъкид шуд, ки тақвият бахшидан ба тадбирҳои амниятӣ ва ҷорисозии технлогияҳои нав бо шумули низоми мушоҳидаи видеоӣ ва огоҳкуниро тақозо менамояд.

Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки бо ҳайати шахсӣ оид ба амалҳо ҳангоми ҳолатҳои фвақулода омӯзишу машқҳо гузаронида шуда, бандҳои дахлдор дар ин хусус ба шартномаҳои иҷораи биноҳо дохил карда шаванд.

Туркманистон

Дар вилояти Марии Туркманистон санҷиши шаҳрвандон дар мавриди пайравии онҳо ба исломи тундгаро санҷида мешавад. Дар ин бора нашрияи «Turkmen news» хабар медиҳад.

Аз ҷумла, дар шаҳраки "Шатлик" дар наздикии Хонаи фарҳанги паҳлӯи масҷид мардони ришдорро боздошта, телефонҳои онҳоро тафтиш карданд. Кормандони кофтукови ҷиноӣ се ҷавонро мустақиман дар масҷид боздоштанд.

Боздоштшудагонро ба шуъба оварда, телефонҳояшонро санҷиданд ва ҳеҷ чизи шубҳаовар наёфта, раҳо карданд. Нашрия дар бораи сабабҳои чунин санҷишҳо маълумот намедиҳад.

... Ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” шоми рӯзи 22 март пеш аз ҳунарнамоии гурӯҳи “Пикник” сурат гирифт. Шахсони мусаллаҳ ба толор ворид шуда, ба тирпаронӣ оғоз карданд. Сӯхтор сар зада, оташ майдони қариб 13 ҳазор мтри мураббаъро фаро гирифт. Сӯхтори кушод баъди қариб як шабонарӯз хомӯш карда шуд.

Бар асари сӯхтор бинои толор ба коми оташ рафта, бомаш фурӯ рехт. Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулода, майдои фурӯравӣ 7 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод. Бар асари ин амали террористӣ 144 нафар ҳалок ва садҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.