Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои оянда дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар аст.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 4-5 май дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахусус навоҳии Хуросон ва Ёвон, ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ боронҳои шадид меборанд.

Ба иттилои манбаъ, дар як қатор ноҳияҳо эҳтимоли раъду барқ, шиддат гирифтани шамол бо суръати 15-20 м/с вуҷуд дорад. 

“Рӯзи 3 май дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва 4-5 май дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвоз омадани селҳо дар назар дошта шудааст”, - омадааст дар хабари Кумита.

Рӯзҳои 4-5 май бар асари боронҳои пуршиддат баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, эҳтимол дорад. 

Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, сайру гашт дар қаламрави кишвар худдорӣ намоянд. Ба кӯҳу доманакӯҳҳо ба ҷамъоварии занбурӯғҳо, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, шикор, чорвочаронӣ ва моҳидорӣ ба соҳили обҳо нараванд.

“Ҳамчунин ба сокинон деҳот тавсия дода мешавад, ки телефонҳои мобилии худро ҳамеша омода нигоҳ доранд, дар ҳоли рух додани ин ё он ҳалати фавқулодда барои кумак муроҷиат кунанд”, - зикр мешавад дар хабар.

Барои пешгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, ба хусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагоне, ки мошинҳои шишаи сиёҳ доранд, даъват мешавад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд карда, ҳамаи қоидаҳои ҳаракати дар роҳ, бахусус суръати ҳаракат риоя намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.