Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» - | Мардони тоҷик аз додани талоқ ба ҳамсаронашон таввасути СМС хабар маҳрум мешаванд.
Раиси Кумитаи дини назди президенти кишвар Абдураҳим Холиқов андеша дорад, ки таввасути СМС - хабар талоқ додану аз ҳампошии оила амали ғайримантиқӣ, беақлона ва ноҷост, ки муқобили қавоини давлат ва шариат баромад мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, бо пешниҳоди Кумита масъалаи мазкур дар Шӯрои уламои Тоҷикистон баррасӣ гашт.
«Оила муқаддас шуморида мешавад ва онро таввасути телефон хароб кардан мумкин нест,- мегӯяд Холиқов.- Ман боварӣ дорам, ки Шӯрои улламо, ки мақомоти волои мусалмонони кишвар маҳсуб мегардад, дар ин масъала қарори дурусте мебарорад».
Ба гуфтаи сарвари Донишкадаи Исломии Тоҷикистон Умаралӣ Назаров талоқ дар Шариат бадтарин ҳалол маҳсуб мегардад.
«Ман андеша дорам, ки зан-модар муқаддас аст ва эҳтироми хоссаро сазовор аст. Оилаҳо набояд вайрон шаванд, аммо агар воқеан дигар илоҷе набошад, мардон бояд бо назардошти қадру қиммати зан бо ӯ муносибат кунанд. Бояд ба таври лозима дар ҳузури зан қарори худро эълом кунанд», афзуд Умаралӣ Назаров.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста