Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷмҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ҳамкории ҳарду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, хусусан дар Созмони Конфронси Исломӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории Арабистони Саудӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қайд гардид, ки муносибатҳо инчунин дар сатҳи вазорату идораҳои ду кишвар тақвият меёбанд.
Сафир дар бораи фаъолияти самараноки Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Арабистони Саудии Бунёди Саудии Рушд дар Тоҷикистон, инчунин оид ба имконияти кушодани хатсайри ҳавоии миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин, Вазир ва Сафир роҷеъ ба ҳодисаҳои моҳҳои ахир дар Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна изҳори назар карданд.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста