Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Бариои қисмати зиёди аҳолии Тоҷикистон музди меҳнат сарчашмаи асосии даромад маҳсуб намеёбад, - изҳор дошт сардори Раёсати таҳқиқоти бахши иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов.

Номбурда зимни шарҳи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ дар хусуси аз 100 доллари ИМА боло рафтани музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иброз кард, ки албатта, 100 доллари ИМА дар вазъи имрӯзаи Тоҷикистон маблағи назаррасе нест, вале ба ҳама маълум аст, ки ба Тоҷикистон ҳамасола аз Русия зиёда аз 2 млрд. доллари ИМА маблағҳо интиқол дода мешаванд, ки дар ҷойе ба инобат гирифта намешаванд.

Ба қавли Ф.Саидов, дар Агентии омор танҳо музди меҳнати кормандони буҷавӣ мавриди таҳлил қарор мегирад, вале аҳолии мамлакат ба соҳибкорӣ машғул буда, ҳамчунин дорои қитъаҳои замини наздиҳавлигианд, ки аз ҳисоби он низ даромад ба даст меоранд. «Аз ин рӯ, миқдори дақиқи даромадҳои аҳолиро муайян кардан хеле душвор аст», - гуфт ӯ.

Мавсуф афзуд, ба ҳаҷми музди миёнаи меҳнат таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кардан зарур нест, зеро вазифаи аслӣ дар он ифода меёбад, ки ба фарқи баланд миёни музди меҳнати ҳадди ақал ва ниҳоӣ набояд роҳ дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар моҳи марти соли равон 472 сомонӣ (тақрибан 103 $)-ро ташкил додаст, нисбат ба моҳи феврал дар ифодаи номиналӣ ба андозаи 12% бештар аст.

Ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал, ки дар Тоҷикистон ба 80 сомонӣ (18$) баробар аст, дар қаламрави пасошӯравӣ яке аз нишондиҳандахои пасттарин аст.

Музди меҳнати аз ҳама бештар дар бахши молияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми миёнаи он 2195 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, музди миёнаи меҳнат дар моҳи марти соли равон дар Қазоқистон – 595, Ӯзбекистон – 326, Туркманистон – 200 ва Қирғизистон – ҳудуди 158 доллари ИМА-ро ташкил дода, музди миёнаи меҳнат дар Украина ба 318, Белорус – 513, Русия – 805 ва Озарбойҷон - 440 $ баробар аст.