Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки овозаҳои кӯчонидани бозори «Корвон» ҳеҷ асоси воқеъие надоранд.
Вай мегӯяд, бозори «Корвон» дар тавозуни шаҳрдорӣ қарор дорад ва то имрӯз чунин масъала дар сатҳи шаҳрдорӣ баррасӣ нашудааст. «Ба ман ҳамчун сармеъмори шаҳр то ҳол чунин иттилоъ нарасидааст», - иброз намуд ӯ.
Номбурда ҳамчунин афзуд, «агар замоне чунин тасмим гирифта шавад ҳам, аҳолии пойтахт пешакӣ аз он огоҳ карда мешаванд».
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои ахир миёни сокинони шаҳри Душанбе чунин овозаҳое пайдо шудаанд, ки гӯё баъди чанде бозори «Корвон» кӯчонида шуда, қаламрави он ба ихтиёри яке аз воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дода мешавад, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии пойтахт ҷойгир аст.
Дар робита ба ин овозаҳо соҳибкорони бозори «Корвон» ба ташвиш афтодаанд, зеро метавонанд нуқтаҳои фурӯши худро аз даст диҳанд.
Бозори «Корвон» яке аз бозорҳои бузургтарин буда, бештари аҳолии пойтахт маҳз аз ин бозор молу маҳсулот мехаранд, зеро дар муқоиса бо бозорҳои дигар нарх дар он нисбатан арзон аст.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста