Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корпоратсияи телевизиону радиои бритониёии Би-Би-Сӣ бобати қазияи боздошти хабарнигораш Ӯрунбой Усмонов дар шаҳри Хуҷанд изҳороти навбатӣ пахш кард.
Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми июни соли ҷорӣ Усмонов ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.
«Ҳукуматдорони Тоҷикистон аллакай тасдиқ карданд, ки тафтишот ба анҷом расида, натоиҷи он ба мақомоти додгоҳи ноҳия ирсол шудааст», - омадааст дар изҳорот.
Ҳамчунин дар изҳорот зикр мегардад, ки Додситони кулли Тоҷикистон изҳор доштааст, ки президенти Тоҷикистон бо ин қазия шинос шуданист ва айни замон кормандони мақомот перомуни ин парванда ба ӯ маълумотномаи муфассал омода месозанд.
«Би-Би-Сӣ умедвор аст, ки ин кор базудӣ анҷом пазируфта, ба озодии пурраи Усмонов боис мегардад ва номи неки ӯро барқарор месозад», - гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, муттаҳам кардани Усмонов дар масъалаи робитааш бо «Ҳизб-ут-Таҳрир» комилан беасос аст.
«Мо чунин мешуморем, ки вохӯрӣ ва мусоҳиба бо намояндагони ҷонибҳои афкори мухолифдошта як қисмати кори ҳар як рӯзноманигори Би-Би-Сӣ аст», - зикр мегардад дар изҳорот.
Ғайр аз ин, Би-Би-Сӣ бори дигар аз вазъи Ӯрунбой Усмонов изҳори нигаронӣ карда, қайд кардааст, ки ҳамкорони бо ӯ сӯҳбатдошта ба хулосае омадаанд, ки ӯ заъифу тарсдошта аст.
Дар акс: мулоқоти рӯзноманигори Би-Би-Си Алан Куортли бо Ӯрунбой Усмонов дар тавқифгоҳи муваққатии РКДАМ-и вилояти Суғд
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?
Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста