Хуҷанд. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Идораҳои васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони вилояти Суғд ба бинои нави Кохи матбуот мекӯчанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Кохи матбуоти вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён хабар дод, сохтмони маҷмаа соли 2007 шурӯъ шуда, айни замон корҳои асосӣ дар он ба итмом расидаанд. «Ин бинои 13-ошёна ва яке аз биноҳои баландтарини шаҳри Хуҷанд буда, баландии он 54 метр ва дорои 200 ҳуҷраи корӣ аст», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, дар қисмати таҳхонаи бино ошхона ва се толори конфронс ва дар ошёнаи охирини он боғи зимистона ва майдони азназаргузаронӣ бо дастгоҳҳои оптикӣ ҷойгир хоҳад шуд. «Ҳуҷраҳои корӣ бо тарзи аврупоӣ сохта шуда бо кондитсионерҳои «зимистон-тобистон» муҷаҳҳаз гардидаанд», - иброз дошт И. Ҷамолиён.
Илҳоми Ҷамолиён ҳамчунин гуфт, ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо мебели зарурӣ ва интернети беноқил таъмин гардида, чор лифт омодаи кор мешаванд. «Арзиши бино бо тамоми таҷҳизоташ 23 млн. сомонӣ маблағ аз ҳисоби бюҷетро ташкил дода, дар он васоити ахбори умуми давлатӣ ва намояндагони нашриёти хусусиву байнулмилалӣ низ фаъолият карда метавонанд», - изҳор кард ӯ.
Номбурда илова кард, ки дар ин бино ширкатҳои телевизионӣ ҷойгир шуда наметавонанд, зеро барои онҳо шароити махсус зарур аст, вале хабарнигорони шабакаҳои телевизионии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ метавонанд дар ин ҷо дафтари корӣ ба иҷора гиранд. «Моҳи сентябр ё пештар аз он рӯзноманигорон ба ин ҷо мекӯчанд», - афзуд И.Ҷамолиён.
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
“Бегуноҳ аст”. Додгоҳҳои Тоҷикистон давоми 5 сол чанд ҳукми сафедкунанда содир кардаанд?
Амрико барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи Панҷакенти куҳан беш аз $186 ҳазор ҷудо кард
Супоридани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон сангинтар мешавад
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм низ бахти футзалистони тоҷик дар пеналти омад накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста