Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Айни замон шумори умумии истифодабарандагони оби пойтахт 170 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва ҳамагӣ 5%-и онҳо бо ҳисобкунакҳои об таъминанд.
Зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ҳисобкунакҳои об асосан дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, ташкилоту корхона, вазорату идораҳои бюҷетӣ (мактаб, беморхона, кӯдакистон ва ғайра) гузошта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Хайруллоев чораҳои таъмини аҳолии пойтахт бо ҳисобкунакҳои обро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд. «Дар доираи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе бобати дар навбати аввал ба хонаҳои ошёнаҳои якуму дуюм гузоштани ҳисобкунакҳои об қарор қабул шуд, зеро маҳз дар манзилҳои ин ошёнаҳо об оқилона истифода намегардад», - гуфт ӯ.
Муовини аввали раиси пойтахт ҳамчунин гуфт, дар хонаҳои истиқоматии хусусӣ низ аксар вақт об беҳуда масраф мегардад. «Амалисозии лоиҳа аз маҳаллаҳои сераҳолии пойтахт – Зарафшон ва микроррайони 65-ум оғоз мегаардад», - иброз дошт номбурда.
Хайруллоев хотиррасон намуд, ки баҳри амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 16 млн. доллари ИМА бурс ҷудо кард. Дар доираи татбиқи он насби 76 ҳазору 500 дона ҳисобкунакҳои об пешбинӣ шудааст. Ба қавли ӯ, амалисозии лоиҳа аллакай оғоз гардида, он соли 2016 ба итмом мерасад.
Дар посух ба суоли аз куҷо дастрас гардидани ҳисобкунакҳои об, номбурда изҳор кард, ки аз рӯйи натиҷаҳои тендер ширкати истеҳсолкунанда интихоб хоҳад шуд Дар бораи оғози гузоштани ҳисобкунакҳои об ба манзили сокинони пойтах тавассути ВАО ба таври иловагӣ хабар дода мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон аз фориғболиву бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳо, роҳбарони илмӣ ва докторантҳо гуфт
КОА беасос будани фошкориҳои “Диссернет”-ро собит накард. Интиқоди дубора ва шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз асардуздии олимони тоҷик
Боз як ширкати Чин дар МОИ “Панҷ” неругоҳи барқи офтобӣ месозад
Таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисӣ. Мақомоти Эрон гузориши дуввуми худро нашр карданд
Чанд нафар ҷудокорони тоҷик ба Олимпиадаи Париж мераванд?
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷиён аз Русия хориҷ шуданд
Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон
Дар як кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт барои се моҳ маҳдуд мешавад
Баъди танқиди раиси Бохтар ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд
Бо ипотека дар Тоҷикистон метавон соҳиби хона шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста