Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутаассифам, ки сарвари давлат Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»-ро ба имзо расонид ва гузашта аз ин, президент ин қонунро дар моҳи шарифи Рамазон ба тасвиб расонид, ки боиси таассуфи аз ин ҳам бештар аст, зеро дар ин моҳ аксари ҷавонон ба масҷид мераванд, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳеҷ гоҳ умед надошт, ки сарвари давлат имзои ин қонунро мавқуф мегузорад ва таъкид сохт, ки «чанде аз шаҳрвандони соддалавҳ умедвор буданд, ки президент ба қонун имзо намегузорад».
Дар робита ба масъалаи риояи меъёрҳои қонун аз ҷониби аҳолӣ, Тӯраҷонзода чунин ибрози андеша намуд, ки он ба таври ихтиёрӣ аз ҷониби мардум риоя нахоҳад шуд.
«Як муддати муайян тавассути кӯмаки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ва таблиғ тариқи ВАО ба ҳукуматдорон муяссар мегардад, ки барои риояи меъёрҳои қонуни мазкур шароит фароҳам оваранд», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид сохт, ки ҳатто чунин як абарқудрате чун Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист бо ёрии зӯровариву террор, асноди қонунгузорӣ ва таблиғоти густарда исломро дар қалби миллионҳо мусулмонон нобуд созад.
«Ман мӯътақидам, ки бо гузашти чанд муддате ҳамон қисмати қонунро, ки ба масҷид рафтани ҷавонони то синни 18-соларо манъ месозад, ҳама, аз ҷумла худи ҳукуматдорон ҳам фаромӯш месозанд, зеро он на танҳо ба қонунҳои Худо, балки ба фарҳангу маънавиёти мусулмонони Тоҷикистон мухолифат дорад», - афзуд Тӯраҷонзода.
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Эмомалӣ Раҳмон аз фориғболиву бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳо, роҳбарони илмӣ ва докторантҳо гуфт
КОА беасос будани фошкориҳои “Диссернет”-ро собит накард. Интиқоди дубора ва шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз асардуздии олимони тоҷик
Боз як ширкати Чин дар МОИ “Панҷ” неругоҳи барқи офтобӣ месозад
Таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисӣ. Мақомоти Эрон гузориши дуввуми худро нашр карданд
Чанд нафар ҷудокорони тоҷик ба Олимпиадаи Париж мераванд?
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷиён аз Русия хориҷ шуданд
Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон
Дар як кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт барои се моҳ маҳдуд мешавад
Баъди танқиди раиси Бохтар ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста