Додгоҳи шаҳри Кӯлоб аз манзили зист рондани ду оиларо, ки ғайриқонунӣ ба манзилҳои зисти барои оилаҳои аз офати табиӣ осебдида сохта шуда буданд, маъқул шуморид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси додгоҳи шаҳрӣ Аслам Холов хабар дод, ин тасмими шаҳрдорӣ бо далелҳо собит шуда, ба қонунгузории кишвар мухолифат надорад. «Ояндаи наздик дар додгоҳ масъалаи аз манзил рондани боз чаҳор оилаи дигар баррасӣ мешавад», - гуфт ӯ.
Дар маҷмӯъ, комиссияи дахлдор ба хулосае расидааст, ки сокинон ба 29 манзили зисти барои осебдидагон бунёдшуда ғайриқонунӣ соҳиб шудаанд ва онҳо бояд хонаҳоро бисупоранд, зеро манзили зисти пештараи онҳо барои зиндагонӣ мувофиқу коршоям аст.
Ба гуфтаи муовини раси шаҳри Кӯлоб Пирмад Зарифов, хонаҳои холишуда ба оилаҳое дода хоҳанд шуд, ки воқеъан ҳам ба он ниёз доранд. «Пас аз фаҳмонидани вазъу шароит аз 29 оилаи ғайриқонунӣ ба манзили зист соҳибшуда, 23 оила ихтиёран хонаҳоро супориданд ва маводи маҷбуран рондани 6 оилаи дигарро лози омад, ки ба додгоҳ ирсол намоем», - гуфт вай.
П. Зарифов мегӯяд, ба оилаҳои маҷбуран рондашуда, ки дар як ҳавлӣ якчанд оила зиндагӣ доранд, барои манзили зист қитъаҳои замин ҷудо карда хоҳад шуд. «Ба ҷуз оилаҳое, ки талафоти ҷонӣ дода буданду манзилашон пурра хароб гардида буд, ба дигар оилаҳо муваққатан иҷозаи зиндагонӣ дар хонаҳои нав дода шуда буд, зеро он замон рӯйхатҳо дар вазъи хле ноҳинҷору муташанниҷ таҳия гардида буданд», - изҳор кард муовини раиси шаҳр.
Номбурда таъкид кард, ки пас аз ба субот расидани вазъ комиссияи махсус аз хисороти расида ва шумори оилаҳое, ки дарвоқеъ ба таъмин бо манзили зисти нав ниёз доранд, натиҷагирӣ карда, то имрӯз қонуншиканиҳои дар боло зикршударо ошкор сохт.
Ёдрас мекунем, ки бо дастгирии тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва Салтанати Уммон барои оилаҳои аз офати табиӣ осебдидаи шаҳри Кӯлоб 615 манзили зисти нав сохта шуд.
“Ҳуҷҷату хона надорем, куҷо худро дар қайд гузорем?”. Боздошту ҷаримаи шахсони бесарпаноҳ дар Суғд
Султон Валиев - вакили пешини парлумону раиси Ховалингу Восеъ даргузашт
Владимир Путин гуфт, робита бо Толибон зарур аст
Матвиенко муовини сарвазири Тоҷикистонро ба Форуми авруосиёии занон ба Петербург даъват кард
Дар Душанбе намояндагии Хадамоти шиносномавӣ - раводидии ВКД Русия боз шуд. Ин ба муҳоҷирони кории тоҷик чӣ медиҳад?
Дар Тоҷикистон боз раъду барқу борони сел дар назар аст
Дар Тоҷикистон 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадиро ҷашн мегиранд
“Шеъраш тасвири зебои шоирона дорад”. Дар Душанбе шаби эҷодии Кӯҳзоди Фатҳулло баргузор шуд
Хоҳиши расмӣ аз Путин: Толибонро аз рӯйхати террористон берун кунед
Зеризаминӣ ё рӯизаминӣ? Дар Душанбе бори дигар масъалаи сохтмони метро баррасӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста