Созмони афви байнулмилал (Amnesty International) аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки то ҳанӯз далелҳои нисбат ба хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов истифода гардидани шиканҷа ва тарзҳои ғайриқонунии бурдани тафтишот, ки худи хабарнигор изҳор доштааст, мавриди санҷиш қарор нагирифтаанд .
Дар изҳороти созмони мазкур гуфта мешавад, додрас то ба ҳол аз журналист ва чаҳор нафар гумонбаршудагон ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир»-и ҳамроҳи ӯ буда напурсидааст, ки дар боздоштгоҳ бо онҳо чӣ гуна рафтор мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 25-уми август, дар боздоштгоҳи №2-и шаҳри Хуҷанд ҷаласfи навбатии додгоҳӣ оид ба парвандаи хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов идома меёбад.
Ӯрунбой Усмоновро то ҳанӯз дар робита доштан бо ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълоншудаи «Ҳизб-ут-таҳрир» гумонбар медонанд.
Дар мурофиаи додгоҳӣ парвандаи ҷиноӣ нисбати боз чаҳор нафар сокинони вилояти Суғд, ки ба узвият дар «Ҳизб-ут-таҳрир» айбдор карда мешаванд, низ баррасӣ мешавад.
Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии чаҳор нафари номбурда ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуд, зеро нахуст айбдоршавандагон муқобили Усмонов баёнот дода, сипас ҳангоми сӯҳбати рӯбарӯ ва баъдтар дар ҷаласаи додгоҳӣ (16-уми август) аз он даст кашиданд. Онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба додгоҳ изҳор карданд, ки узви созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошанд.
Дар ҷаласаи додгоҳӣ намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, САҲА, АМВАОМТ, рӯзноманигорони дафтари маскавии Би-Би-Сӣ, намояндагони Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон, хабарнигорони газетаҳои «Азия-Плюс» ва «Озодагон» ширкат доранд.
Би-би-сӣ айбҳои ба Усмонов нисбатдодаро бепоя хонда, бар ин назар аст, ки ин иддаъоҳо ба журналистикаи касбӣ ва озодии баён дар ҷумҳурӣ таҳдиди ҷиддӣ ба бор меоваранд.
Мақомоти раҳбарии Би-Би-Сӣ ҳамчунин борҳо таъкид кардааст, ки вохӯрӣ ва мусоҳибаҳои анҷомдодаи Усмонов бо намояндагони созмонҳои гуногун бахше аз фаъолияти ҳар яке аз рӯзноманигори Би-би-Сӣ аст.
Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ ба ҳабс гирифта шуда, расо як моҳ дар зиндон қарор дошт.
Рӯзноманигор 59-сола буда, тайи 10 соли ахир дар бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ фаъолият дорад. Ӯ мавзӯъҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ ва масоили диниро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба он гузоришҳо омода мекард.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста