Имрӯз дар маркази маъмурии вилоят Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар майдони марказии шаҳр гузашти низомии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир мегардад. Ҳамчунин намоиши идонаи корхонаву муассисаҳои давлативу хусусӣ ва сокинони вилоят низ баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, бахшида ба таҷлили ҷашн дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳр ба сокинон намоиши театрикунонидашудаи аз ҷониби Раёсати фарҳанги вилоят таҳияшуда ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар аксари шаҳру навоҳии вилоят бо баргузории гузаштҳову дигар чорабиниҳои идона дирӯз таҷлил гардид.