Соҳибкорони вилояти Свердловски Русия рӯзҳои 29-30-юми октябр ҷиҳати боздид аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба Хуҷанд меоянд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Хосият Комилова хабар дод, ба ҳайати Русия намояндагони корхонахои вилояти Свердловск дар ҶТ А. Осипов, ширкати холдинги «AES GROUP», ҶДММ «Остров», «Стройтехнология 2000» ва «Форатек» шомиланд.
Дар рӯзи аввали сафар вохӯрии расмии ҳайат бо мақомоти раҳбарии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва шиносоӣ бо субъектҳои минтақа ба нақша гирифта шудааст. Рӯзи дуюм дар маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» масъалаҳои имконоти самтҳои имконпазири роҳандозии ҳамкорӣ, омодагирӣ ва имзои протоколҳо миёни намояндагони ширкатҳои русиягӣ ва маъмурияти минтақа баррасӣ мешаванд.
«Айни замон дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 16 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки корхонаҳои ватанӣ ва муштарак бо иштироки сармояи туркӣ, чиноӣ, покистонӣ, лаҳистонӣ, кипрӣ, белорусӣ ва русиягӣ мебошанд. Ҳаҷми умумии сармоягузории ин корхонаҳо 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар минтақа корхонаҳои русиягӣ маснӯъоти таҳкимбахшӣ барои сохтмон ва пойгоҳҳои обии барқӣ истеҳсол мекунанд», - зикр кард Комилова.
Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст
Аз Алӣ Лориҷонӣ то Саид Ҷалилӣ. Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид
Тоҷикистону Чин маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнокро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд
ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод
Чаро Тоҷикистон дар безараргардонии фурӯзонакҳои каммасраф муваффақ нашуд?
“Воридот ва фурӯши сатру либоси сиёҳ манъ аст”. Ин ба кори фурӯшандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста