Дар моҳҳои январ-ноябри соли равон ба Тоҷикистон аз 39 кишвари дунё кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Маблағи умумии кӯмак  худуди 85 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ беш аз 2,2 ҳазор тонна орд ба мабалағӣ зиёд аз 1,1 млн. доллари ИМА, 495 тонна равғани рустанӣ ба маблағи 935 ҳазор $, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии зиёда аз 63 млн. $ , сарулибос ва пойафзол, дигар таҷҳизоти барқӣ ва компютерҳо ворид гардиданд.

Дар байни кишварҳо-донорон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 72,1%, Русия – 6,5%, Дания – 5,1% ва Чин – 3,7% рост меояд.