Ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» изҳор медорад, ки Тоҷикистон қабули вагонҳои худро рад сохта, дар идомаи «муҳосира»-и роҳи оҳан манфиатдор аст.
Дар робита ба шарҳи изҳороти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ҳамтоҳои ӯзбек бобати таъмиру барқарор кардани пули роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амзуанг ва таъмини ҳаракати қатораҳо ба минтақаи ҷануби Тоҷикистон аз ширкати мазкур ба ОИ REGNUM изҳор кардаанд, ки айни замон дар мавзеи Ғалаба-Амузанг 327 вагони дорои маҳсулот, ки ба бояд ба вилояти Хатлон фиристода шаванд, қарор доранд.
Ёдрас мекунем, ки 16-уми ноябри соли равон дар қитъаи роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанг дар қаламрави Ӯзбекистон такягоҳҳои пули роҳи оҳан хароб гардида, дар натиҷа ҳаракати қатораҳо тавассути ин масир қатъ гардид.
Ин қитъаи роҳи оҳани кишвари ҳамсоя қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо нуқтаҳои берун аз қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.
Бино ба маълумоти мақомоти марбутаи роҳи оҳани Ӯзбекистон, 40 вагон ба Тоҷикистон тариқи нуқтаи байнидавлатии пайвасти «Қудуқлӣ» фиристода шудааст, вале сарфи назар аз дархости чандинкарата ҷиҳати қабули вагонҳои боқимонда тавассути ин нуқта Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир насохтааст. «Дар чунин вазъ аён аст, ки Тоҷикистон Ӯзбекистонро дар муҳосира айбдор намуда, худ ба идомаи ин муҳосира манфиатдор аст», - мегӯяд ҳамсӯҳбати ОИ REGNUM.
Қаблан муовини аввали раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки «бо назардошти имконоти корхонаи «Ӯзбекистон темир йӯллари» барои барқарор кардани чунин пул як шабонарӯз кофист».
Бино ба маълумоти ОИ «Фергана», баландии ин пул аз сатҳи об 8 метр ва дарозии пул 25 метрро ташкил медиҳад. Аз болои ин пул як қатор роҳи оҳан мегузарад.
Ба қавли Собкалов, мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳанӯз 17-уми ноябр ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ ҳама гуна кӯмаки ройгон барои дар фурсати зудтарин барқарор кардани пули роҳи оҳанро пешниҳод кардааст, вале ба он ҳеҷ посухе нагирифтааст.
Собкалов изҳор карда буд, ки мақомоти раҳбарии корхона пешниҳоди ҳамтоҳои ӯзбекро қабул карда, интиқоли мусофиронро тавассути шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст, лекин ба қабули вагонҳои боркаш дар қисмати марказии ҷумҳурӣ ва сипас интиқоли онҳо ба ҷануб қатъиян розӣ нест, зеро он хароҷоти зиёдеро тақозо мекунад.
Дар ҳамин ҳол, миёни маҳсулоти вагонҳое, ки дар Ӯзбекистон бозистодаанд, маҳсулоти башардӯстонаи ғизоӣ мавҷуд аст, ки барои кумак ба қишри бештар осебпазири аҳолии вилояти Хатлон пешбинӣ шудаанд.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста