Ахири ҳафтаи гузашта дар шафати Майдони «Ситораҳои Хуҷанд», қасабаи 12-ум ва маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд бо дастури Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Конибодом, Истаравшану Ғончӣ, Спитамену Зафаробод, ҳамчунин аҳли заҳмати корхонаҳои коркарди маҳсулот ва муассисоти тобеи Иттифоқи матлуботи вилоят, Агентии захираҳои моддӣ бо мақсади ғановати дастархони солинавии шаҳриён дар маҷмӯъ 212,9 тонна меваю сабзавот, зироатҳои полезӣ, гӯшту консерв, 8 ҳазор дона тухм ва дигар намудҳои маҳсулотро ба маърази намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Ҳамчунин алоқамандони Ассотсиатсияи асалпарварӣ, қаннодони соҳибҳунари хуҷандӣ дар шафати намоишгоҳ растаҳои алоҳида ороста, шириниҳои Хуҷандро ба ихтиёрдории харидорон пешниҳод карданд.
Дар радифи баргузории намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади болидагии табъи сокинони Хуҷанд ва меҳмонони маркази вилоят барномаҳои рангини консертӣ намоиш дода, дигар табдирҳои фарҳангӣ роҳандозӣ гардиданд.
Ҳамин гуна намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ имрӯз дар арафаи Соли нав дар маркази ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд гузаронида шуд.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста