Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маълумот дар бораи Барномаи «Кор ва саёҳати тобистона дар ИМА дар соли 2012»-ро интишор кард.
Дар иттилоияи расида аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфта мешавад, донишҷӯёне, ки барои иштирок дар барномаи «Кор ва сайёҳати тобистона дар ИМА дар соли 2012» (SWT) ҳавасманд ҳастанд, бояд донанд, ки ин барномаи кӯтоҳмуддати мубодилаи фарҳангист . Иштирокчиён бояд дарк намоянд, ки онҳо имконияти ба даст овардани маблағи кофӣ бо мақсади ба Тоҷикистон фиристонданро надоранд. Барномаи мазкур ба ҳазорон толибилмони донишгоҳҳо ва институтҳои байналмиллӣ барои сафар кардан ба ИМА ва сайкал додани фаҳмиши худ дар бораи фарҳанг ва арзишҳоиАмрико имконият фароҳам меоварад.
Ба иттилои манбаъ, барои гирифтани раводид ҷиҳати иштирок дар барномаи SWT, довталабон бояд қобилияти хешро ҷиҳати пардохти сафар ба ИМА ва бозгашт, хароҷотҳое, ки то гирифтани маоши якум метавонанд ба вуҷуд оянд, нишон диҳанд. Қабл аз ариза додан ба барнома, довталабон бояд хароҷотҳоро , аз он ҷумла хароҷотхо барои хадамоти кӯмакрасон ва пардохти аризаи раводидро хуб омӯзанд ва бояд дарк намоянд, ки маблағе, ки тавассути ин барнома ба даст оварда мешавад, танҳо барои харҷи зиндагии ҳадди ақал дар ИМА кифоя аст.
Инчунин довталабони болаёқат барои барномаи SWT бояд ба чунин талаботҳо ҷавобгӯ бошанд:
- Довталабони барномаи SWT бояд донишҷӯёни донишгоҳи олии аккредидатсияшуда бошад, ки бо мақсади гирифтани унвон фаъолона таҳсил мекунад. Ӯ бояд як семестри хонишро бо муваффақият хатм карда бошад.
- Довталабони барнома бояд забони англисиро хуб донанд.
- Довталабон бояд аз сарпарасти ИМА даъватнома барои кор дошта бошанд.
Зикр мегардад, ки довталабони тоҷик барои кор кардан дар ИМА танхо ҳангоми таътили расмии донишгоҳҳои Тоҷикистон, аз 1 июл то 31 август ҳуқуқ дошта, рад кардани раводид ҳатто ба он довталабоне, ки ҷавобгӯи ҳамаи ин талаботҳоянд, аз эҳтимол дур нест. Ҳар як довталаб бояд ба талаботҳои қонуни муҳоҷиратии ИМА ҷавобгӯ бошад. Бахусус, довталаб бояд робитаҳои молиявию ҷамъиятӣ ва оилавии хешро дар Тоҷикистон исбот намуда, нияти хешро ҷиҳати бозгашт ба Тоҷикистон ва давом додани таҳсил аз рӯзи аввали хониш тасдик намояд. Ба довталабе, ки ҷавобгӯи конуни раводиди Амрико ва қоидаҳои барномаи SWT нест, раводид рад карда мешавад. Дар Тоҷикистон ширкатҳои LLC VisaCom, Oscar Travel LLC, ва International Exchange Center бо сарпарастони ИМА оид ба барномаи мазкур хамкорӣ мекунанд. Ин ширкатҳо барои гирифтани таклиф аз корфармо мусоидат менамоянд, вале гирифтани раводидро кафолат намедиҳанд.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста