Дар шаҳри Хуҷанд созмони нави ҷамъиятии ҷавонон бо номи «Ваҳдати ҷавонон» ба фаъолият шурӯъ кард.
Раиси созмон Рустам Юсуфов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳадаф аз таъсиси созмон ноил гардидан ба коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ, боло бурдани мақоми ҷавонон дар ҷомеа ва рушди демократия дар кишвар аст.
«Барои ноил гардидан ба ҳадафҳо нақшаи стратегии рушд то соли 2015 таҳия гардида, дар чаҳорчӯби он амалисозии беш аз 200 барномаву лоиҳаҳо барои ҷавонони машғули кору таҳсил дар назар аст», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, амалисозии лоиҳаҳо аз ҳисоби маблағҳои бадастомада аз ҳаққи аъзогӣ, даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, воситаҳои сарпарастон ва ҳамчунин фармоишҳои иҷтимоии мақомоти ҳокимияти давлатӣ сурат хоҳад гирифт.
«Созмон барои муколамаву ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои ҷавонон, мақомоти давлатӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва ВАО, ки рушди ҳамаҷонибаи кишвари моро таъмин карда, ба ҷавонон дасти кӯмак дароз мекунанд, ҳамеша омода аст», - афзуд Юсуфов.
Бино ба маълумоти иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Муродҷон Раҳматов, айни замон дар вилоят 471 созмони ҷамъиятӣ амал мекунад. «Танҳо дар як соли гузашта 37 созмони нави ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуд», - гуфт номбурда.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста