Се нафар журналистони тоҷик соҳиби дипломи озмуни якуми байнулмилалии Иттифоқи журналистони Русия шуданд. Озмун таҳти унвони «Маҳорати ҳамроҳ зистан» ба маводи беҳтарини ВАО дар масъалаи ҳамгиройии муҳоҷирони корӣ бахшида шуда буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров хабар дод, бо қарори ҳакамон хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Манижа Қурбонова, коргардони студияи радиову телевизиони медиа-холдинги «Азия-Плюс» Озода Маликова ва сардабири рӯзномаи «Вечерний Душанбе» Равшан Махсумов бо дипломҳои озмун сарфароз гардонида шуданд.

«Ҳамаи ҷоизадорони озмун, аз ҷумла журналистони тоҷик аз ҷониби Иттифоқи журналистони Русия баҳри иштирок дар Бали матбуот, ки рӯзҳои 21-22-юми феврал доир мегардад, ба шаҳри Маскав даъват шуда, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ ба онҳо дипломҳо супурда мешаванд», - зикр кард Нуров.