Ҳудуди 600 нафар шаҳрвандон хоҳиши таҳсил дар мактабҳои шабонаи пойтахтро изҳор кардаанд. Оғози машғулиятҳо дар мактабҳои шабона дар соли нави хониш пешбинӣ шудааст.

Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки мактабҳои шабона дар заминаи макотиби таҳсилоти умумии № 28 дар ноҳияи Фирдавсӣ, № 25 дар ноҳияи Сино, № 10 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва № 35 дар ноҳияи Шоҳмансур кушода мешаванд.

«Дар Тоҷикистон ҷавонони сатҳи маърифату донишашон хеле паст зиёданд. Бисёр ҳодисаҳои гирифтани аттестатҳои қалбакӣ ошкор шудааст. Ҳатто як донишҷӯйи соли чоруми яке аз макотиби олӣ барои надоштани номаи камол аз муассисаи таълимӣ хориҷ шуда буд», - гуфт вай.

Ба қавли номбурда, таҳсил дар мактабҳои шабона ройгон буда, машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикиву русӣ баргузор мегарданд.

«Мутобиқи нақшаи таълимӣ, бо хонандагони мактабҳои шабона ҳамарӯза се соати дарсӣ гузаронида мешавад», - афзуд Г.Бобоева.