Лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) «Тандурустии босифат» маросими ифтитоҳи ду маркази иттилоотии оиди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)/бемории норасоии масунияти одамро (БНМО) (ВИЧ/СПИД) дар шаҳри Душанбе, дар Марказхои саломатии №4 ва №10-ро доир намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, духтурон ва ҳамширахои тиббии марказҳои мазкур, аз ҷумла намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар соҳаи пешгирӣ ва омӯзиши ВНМО/БНМО фаъолият мекунанд, маросими ифтитоҳи марказҳои нави инноватсиониро дар доираи мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон баргузор намуданд.
Барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, ки ба беморони сироятшудаи ВНМО расонида мешавад, кормандони Марказҳои саломатӣ аз намояндагони Марказҳои иттилоотӣ хоҳиш намуданд, ки ба пайдо намудани маълумоти бештар дар бораи ВНМО ва таассубе, ки беморон бо он дучор мешаванд, кӯмак расонанд. Духтурон ва ҳамшираҳои тиббӣ нақша доранд, ки Марказҳои иттилоотиро барои муҳокима кардани масоили ВНМО/БНМО дар мизҳои мудаввар бо кормандони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки бо ВНМО сарукор доранд ва мизоҷони онҳо, ва ҳамчунин барои гузаронидани машваратҳо ва омӯзишҳо оид ба ВНМО, истифода баранд. Сатҳи бемории ВНМО дар Осиёи Марказӣ дар даҳсолаи охир таври назаррас афзуд, асосан дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз он ҷумла маҳбусон, нашъамандони тазрикӣ ва муҳоҷирон. Таассуб ва маҳдудкунии ҳуқуқ ин мушкилотро вазнинтар мегардонад, чунки бинобар он гуруҳҳои осебпазир аз ҷустуҷӯи машварати тиббӣ оиди пешгирӣ ва табобати беморӣ худдорӣ менамоянд. Марказхои иттилоотӣ дар ҳалли мушкилоти мазкур муҳим мебошанд.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба кормандони дармонгоҳ оиди усулҳои нави табобати беморони бо ВНМО сироятшуда омӯзиш мегузаронад, ки духтурон барои аз манбаъхои иттилоотии марказҳои нав таври самарабахш истифода баранд. USAID ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кӯмак мерасонад ва ба ҳар як маркази иттилооӣ се ададӣ компютер, 1 ноутбук, 1 принтер ва ҳамчунин ҷиҳози идора дастрас намуд.
Сардори Маркази саломатии №4 Хусейнов Назрулло иброз дошт: “Ман аз имконияти ҳамкорӣ бо Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» хеле хушҳолам. Маркази иттилоотии ВНМО/БНМО дар оянда барои такмил додани ҳамкории мо бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ кӯмак мерасонад ва ба мутахассисони мо имконият медиҳад, ки дониши худро оиди ВНМО такмил намоянд, ки ин дар навбати худ хизматрасонии тиббиро ба гурӯҳҳои осебпазир беҳтар гардонад”.
Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз лоихаҳои сершумор ба хисоб меравад, ки мардуми Амрико тавассути агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) татбиқ мекунад. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе 984 миллион доллари ИМА-ро барои барномаҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ва ҳамчуниин барномаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистонро маблағгузорӣ кардааст.
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Марказҳои тестии Русия дигар аз муҳоҷирон имтиҳон қабул намекунанд. Акнун дар куҷо ва чӣ хел онро бояд супорид?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста