Ворид шудани обуҳавои сарди атлантикӣ аз баҳри Миёнзамин ба қаламрави Тоҷикистон ба боришоти зиёди барф боис гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод, боришоти барф дар пойтахт имрӯз ва ва шаб низ идома меёбад. Рӯзона ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба сифр баробар хоҳад буд.
Фардо, 20-уми март, дар Душанбе боришоти барфи начандон зиёд идома ёфта, аммо наздикиҳои шом аз соф шудани обуҳаво интизорӣ меравад, ҳарорат то 2-3 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи пешгӯиҳо, дар таҷлили ҷашни Наврӯз, 21-уми март, дар пойтахт ҳавои камабри бидуни боришот дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо 17-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Ҷ.Байдуллоева мегӯяд, субҳи имрӯз баландии сатҳи барф дар шаҳри Душанбе ҳудуди 22 сантиметрро ташкил дод. «Барои моҳи март чунин боришоти барф хос нест, - таъкид мекунад ӯ. – Тайи 10 соли ахир дар пойтахт чунин боришот ба мушоҳида нарасида буд. Обуҳавои ба ин монанд дар пойтахт солҳои 1964 ва 1969-и қарни гузашта ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, соли 1964 низ баҳор сард омада, мудати чанд рӯз обуҳаво сард буд ва баландии сатҳи барф низ то 20 сантиметр мерасид».
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста