Толибилмони макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон аз Олимпиадаи VII-уми Донишгоҳи федералии Урал ба номи Борис Елсини Русия, ки аз 21 то 25-уми апрели соли равон баргузор шуд, 91 медал ба даст оварданд. Дар олимпиадаи мазкур аз макотиби пойтахти ҷумҳурӣ 96 нафар хонандагон иштирок карданд.

Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Маҳмудхон Шоев хабар дод, олимпиада аз рӯйи 11 фанни таълимӣ доир гардидааст. Тибқи натоиҷи он, аз рӯйи фанҳои физика, математика, биология, информатика ва забони русиву англисӣ 43 нафар толибилмони тоҷик медали тилло, 18 нафар медали нуқра ва 30 нафар соҳиби медали биринҷӣ шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин олимпиадаи байнулмилалӣ ба ҷуз толибилмони тоҷик, ҳамчунин намояндагони Қазоқистон, Украина, Белорус, Русия, Озарбойҷон, Олмон ва Чехия низ иштирок кардаанд.

Қобили зикр аст, ки соли равон толибилмони тоҷик аз Олимпиадаи байнулмилалӣ дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) 13 медал ва аз Олимпиадаи XXIV-уми анъанавии математикии Осиё ва Уқёнуси Ором ва Олимиадаи байнулмилалии XI-уми «Роҳи Абрешим» боз 12 медал ба даст оварда буданд.