Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода  Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Норимаса Шимомураро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, зимни мулоқот  ҷаноби Шимомура аз рафти иҷроиши лоиҳаҳои барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи амалии «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» ва маблағгузории лоиҳаҳои «Фонди боварӣ»  ба Раиси вилояти Суғд маълумот дод.

Ҳамзамон Раиси вилояти Суғд аз ҳамкориҳои судманд бо шарикони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд, ки бобати вусъат бахшидани тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят  мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин Қоҳир Расулзода  оид ба вазъи инкишофи хоҷагии халқи вилоят бо Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Норимаса Шимомура сӯҳбат ороста, қайд намуд ки барои ривоҷи соҳибкории хурду миёна, афзун намудани содироти молу маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум ки дар натиҷаи Рӯзи қабули шаҳрвандон ба миён меоянд, ба инобат гирифтани ин масъалаҳоро дар таҳияи лоиҳаҳои минбаъдаи ин ташкилоти бонуфуз мувофиқи мақсад аст.

Роҳбари барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Норимаса Шимомура дар робита бо ин ҳама  изҳор дошт, ки  худи дирӯз аз тарафи Ҳукумати Финляндия як лоиҳаи нав, ки махсус барои вусъат бахшидани тиҷорат, хоса барои дастгирии он соҳибкороне, ки бо содирот ва истеҳсоли маҳсулот дар вилоят машғуланд, тасдиқ карда шуд ва мавриди иҷроиш қарор мегирад.

Раиси вилояти Суғд  ин падидаро фоли  нек  шуморида, саҳми Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро дар Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориҳои судманди дуҷониба хосса қайд кард.

Дар идомаи сафари кори худ  Роҳбари барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Норимаса Шимомура дар ҷаласаи гурӯҳи кории вилоятӣ оид ба рафти татбиқи рушди иқтисодии деҳот иштирок намуда, бо корхонаҳои хурди қарздиҳии «Суғдмикрофин», дар Маркази пешбари савдо ва содирот вохӯриҳо доир месозад.

Сафари кории Роҳбари барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҷаноби Норимаса Шимомура дар вилояти Суғд санаи 27 апрел, пас аз иштирок дар Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят анҷом мепазирад.