Бонки миллии Тоҷикистон таҳсили як нафар донишҷӯ дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии ядройи ш. Москваи Федератсияи Россия аз рӯйи ихтисоси «Амнияти иттилоотии сохторҳои молиявӣ ва иқтисодӣ»-ро маблағгузорӣ мекунад. Донишҷӯ бо хобгоҳ ва идрорпулӣ (стипендия)-и сазовор таъмин мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, донишҷӯ баъд аз хатми таҳсил ба Бонки миллии Тоҷикистон ба кор қабул карда мешавад.

«Барои интихоби номзади арзанда БМТ миёни хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумии соли 2012 озмун эълон мекунад. Хуб донистани забони русӣ, дониши қаноатбахш аз фанҳои математикаву физика аз талаботҳои асосии озмун аст», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти БМТ.

Ба иттилои манбаъ, қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 11-уми май идома ёфта, рӯзи 17-уми май натиҷаҳои озмун ҷамъбаст мегарданд. Ғолиби озмун бидуни супоридани имтиҳонҳои иловагӣ ба курси якуми донишгоҳи зикршуда қабул мегардад.